Машғулиятҳои ҳаррӯза барои инкишоф додани ҳаракат
Машғулиятҳои ҳаррӯза
Аз моҳи 6-уми ҳаёт сар карда, вақте ки кӯдак ба пойҳои худ роҳ рафтанро шурӯъ мекунад, ӯ бо завқ ҷӯробҳояшро мепӯшад. Дар соли дуюми ҳаёт кӯдак мефаҳмад, ки ин амал як қисми амалиёти ҳаррӯза мегардад: «Пойафзолро каш, ҷӯробро каш» ё «ҷуробро пӯш ва пойафзолро пӯш». Кӯдак пеш аз он ки мустақилона пойафзол пӯшиданро ёд гирад, кашидани онро низ бояд омӯзад. Вай аз синни хеле бармаҳал кӯшиш мекунад, аммо барои дуруст иҷро кардани он каме машқ кардан лозим аст. Айнан ҳамин чиз ба либоспӯшӣ низ дахл дорад.
Аз кӯдак хоҳиш кунед, ки аз ҳуҷра либос биёрад ё аз ҷевон барорад. Ин амали оддӣ мавқеъро дар фазо таълим медиҳад ва якбора якчанд самтҳоро инкишоф медиҳад:
- муоширати иҷтимоӣ - кӯдакон кӯмак карданро дӯст медоранд;
- омӯзиши нутқ ва муошират дар оила;
- такмил додани ҳаракат;
- омӯзиши мушакҳо.
Кӯдакон дар мавриди пеш рафтани ҳама чиз бо тартиби муқаррарӣ дар оила худро бароҳат ҳис мекунанд: хӯрок хӯрдан - дар ошхона, пойафзол - дар долон, оббозӣ - дар ванна, иваз кардани либос дар ҳуҷра, хоб дар хонаи хоб. Ҳама чиз дар ҷои худ ҷойгир шуда ҳамаи амалҳо аз рӯи ҷадвали маълум, якхела ва бешитоб сурат мегирад.
Ғизодиҳӣ
Хӯрок - на танҳо зарур, балки инчунин болаззат низ мебошад! Ҳар як шахс хотираи кӯдакӣ дорад, ки бо ғизо алоқаманд аст ва махсусан бӯи ғизои хонагӣ хотираҳои хушро бедор мекунанд. Вақте ки кӯдак калон мешавад, доираи ғизогирии ӯ васеъ мешавад - хӯрокҳои гуногунранг, гуногуншакл, гуногунтаркиб ва дорои ҳарорати гуногун пайдо мешаванд. Аввал кӯдак бо хӯрок бозӣ мекунад, ангуштонашро ба он мезанад, майда мекунад, мерезонад ва танҳо баъд мисли калонсолон хӯрокхӯриро ёд мегирад.
Наҳорӣ, хӯроки нисфирӯзӣ ва шомро якҷоя бихӯред - кӯдакон чӣ кор карда истодани дигаронро мушоҳида мекунанд, ба онҳо тақлид мекунанд, медонанд, ки онҳо низ табақу зарфҳои ғизохӯрии худро доранд. Хӯрокро бо дастҳо, бо қошуқ, чангак ё бо корд хӯрдан мумкин аст. Муҳим он аст, ки вақти ғизохӯрӣ ҳамеша дуруст, яъне бе тамошои телевизор, телефон ё дигар чизҳои парешонкунанда ташкил карда шавад, зеро барои кӯдак муҳим аст, ки диққати худро ба истифодаи тамоми узвҳои ҳис ҳангоми хӯрокхӯрӣ равона кунад.
Корҳои хонагӣ
Кӯдакон кӯмак карданро дӯст медоранд! Корҳои хонагӣ муттаҳид карда одатҳои хубро такмил медиҳанд ва масъулияту ҳамоҳангиро меомӯзонанд. Якҷоя кӯшиш кунед:
- чангро пок кардан;
- ҷомашуиро аз машина холӣ кардан;
- либосҳои тарро овезон карда либоси хушкро ҷамъ кунед (кӯдак ба Шумо дар гузоштани часпакҳои либос кӯмак мекунад);
- зарфҳоро бо исфанҷ шустан;
- зарфҳоро дар мошини зарфшӯӣ гузоштан ва берун гирифтани онҳо;
- бо чангкашак хонаро тоза кардан;
- бо ҷорӯб ҳавлиро рӯфтан;
- дастархон партофтан;
- бо дастонатон хамир кардан, шакар, манна, ордро бо қошуқи ченакдор чен кардан, шарбати афлесунро баровардан, рехтан.
Кӯдакон бо хушҳолӣ ба Шумо дар иҷроиши корҳои хона ёрӣ мерасонанд, пурсабр ва пуртахаюл шуда, барои онҳо вазифаҳои мувофиқи қувваи онҳоро фикр кунед. Ва инчунин кӯдаконро саховатмандона таъриф кунед, мукофот диҳед ва ҳавасманд кунед, аммо бехатариро фаромӯш накарда кӯдаконро беназорат нагузоред.