Машқҳои ҳаракатӣ
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Бозичаҳои андоза ва бофтаҳои гуногун ё курпаи мулоим.
Машғулият аз чӣ иборат аст: Пеш аз оғози машғулият ҳатман ҷойро омода кунед. Шумо метавонед кӯдаки худро дар ҷои бароҳат дар пеши худ, дар қолин, дар курсӣ ё кат ҷойгир кунед.
Барои оғози фаъолият, метавонед дастони кӯдакро тавассути маҳс омода кунед, то ки ӯро ҳавасманд кунед. Пас аз ин метавонед ба кӯдакатон бозичае диҳед, то ки онро ҳис кунад ва сипас бозичаро дар масофаи кӯтоҳе ҷойгир кунед, ки кӯдак кӯшиш кунад ба он расад.
Агар Шумо бозичаҳо надошта бошед, метавонед кӯрпаи мулоимро истифода баред, то ки кӯдакатон кӯшиш кунад, ки ба он расад. Кушиш ва дастовардҳои кӯдакатонро шодбош кунед ва дастовардҳояшро ҷашн гиред.
Фарзанди Шумо чӣро меомӯзад: Бо ин машғулият Шумо ба кӯдаки худ кӯмак мекунед, ки ӯ бо як дасташ дастрас намудани ашё кӯшиш кунад ва дар баробари ин ҳаракати биноӣ ва моторикиро ҳамоҳанг созад.