Мавқеи синамаконӣ
Муҳим аст, ки кӯдак дар ҳафтаҳои аввали пас аз таваллуд чӣ гуна дуруст нигоҳ дошта шавад. Барои ҳама модарон мавқеи ягонаи дуруст вуҷуд надорад. Онеро интихоб кунед, ки барои шумо ва барои кӯдак қулайтар аст.
Ин видео нуктаҳои асосиеро, ки бояд ба онҳо новобаста аз мавқеъ таваҷҷӯҳ кунанд, инчунин баъзе мавқеъҳои ғизодиҳии умумӣ, ки барои аксари модарон ва кӯдакон мувофиқанд, нишон медиҳад.
Мавқеи дурусти синамаконӣ ба кӯдак кумак мекунад, ки беҳтар шир макад ва ба модар шири кофӣ ҷудо намояд.
Чаҳор нуқтаи асосӣ барои ҷойгиркунии кӯдак: рост, рӯ ба синаи шумо, ба шумо наздик, бо дастгирӣ:
1. Кӯдакро рост нигоҳ доштан лозим аст, то баданаш хам нашавад ва ё каҷ нашавад, сараш каме ба ақиб нигоҳ дошта шавад.
2. Кӯдак бояд рӯ ба қафаси синаи шумо наздик бошад, аммо ба қафаси сина ва шикаматон фишор наоварад, кӯдак бояд чеҳраи модарро бубинад.
3. Кӯдак бояд ба шумо наздик бошад.
4. Аз даст ва бозуи худ истифода баред, то на танҳо гардану китфи кӯдакро, балки тамоми бадани ӯро дар оғӯш нигоҳ доред.
Барои маконидани кӯдак мавқеъҳои гуногун мавҷуданд:
© MAYO Foundation for Medical Education and Research
Мавқеи чун дар гаҳвора (аз ҳама маъмул).
© MAYO Foundation for Medical Education and Research
Мавқеи гӯё гаҳвораро ба оғӯш гирифтан (барои навзодон мувофиқ аст).
© MAYO Foundation for Medical Education and Research
Мавқеи дар паҳлӯи модар хобонидани кӯдак (барои истироҳат ҳангоми ширдиҳии шабона ва дам гирифтан мувофиқ аст).
© MAYO Foundation for Medical Education and Research
Мавқеи зери даст гирифтан (дар мавриде, ки кӯдак бо роҳи ҷарроҳии қайсарӣ таваллуд шудааст, ё сари пистон дардманд бошад ва ё агар фарзандон дугоник).
© MAYO Foundation for Medical Education and Research
Дар ин мавқеъ дугоникҳоро шири сина медиҳанд.