Мепарем!

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида!  

Бозӣ аз чӣ иборат аст:  Аввалан, дар тахтапушт хобида, зонуҳоятонро қат кунед, пойҳои худро ба фарш гузоред. Пойҳои худро тавре баланд кунед, ки нӯги пойҳоятон ба ҳам ҷафс шавад ва зонуҳоятонро то кунҷи 900 қат кунед. Кӯдакро ба зонуи худ гузоред ва оҳиста-оҳиста боло ва поён кунед, то ӯ эҳсос кунад, ки ӯ дар болои арғунчак аст. Фаромӯш накунед, ки мувозинати кӯдаки худро нигоҳ доред ва дастҳои ӯро сахт доред. Ин машғулият ба фарзанди Шумо ангезиши босиравии шавқовар ва назарро ба ҷахон аз мавқеи нав медиҳад. 

Ин машқро танҳо бо кӯдаконе иҷро кардан мумкин аст, ки мустақилона сари худро нигоҳ дошта метавонанд.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин машғулият ба кӯдаки Шумо ангезиши босирави медиҳад ва ба ӯ барои омӯхтани ҳаракатҳои нав кӯмак мекунад.