Микросефалия
Микросефалия чист?
Микросефалия – ин ихтилоли инкишофи асабӣ-равонӣ аст, яъне мушкилот дар афзоиши майна ё системаи асаб мебошад.
Кӯдакони гирифтори микросефалия сару майнаашон аз муқаррарӣ хурдтаранд. Онҳо инчунин аксар вақт ақибмонии ақлонӣ ва мушкилоти асаб доранд, ба монанди ихтилоҷ, мушкилот бо баланд шудани тонуси мушакҳо ё мушкилоти мувозинат.
Кӯдакон метавонанд бо микросефалия таваллуд шаванд, ё он метавонад дар чанд соли аввали ҳаёти кӯдак инкишоф ёбад. Микросефалия метавонад дар натиҷаи тағйироти генетикӣ ба вуҷуд ояд. Баъзан тағирёбии генҳо, ки боиси микросефалия мегарданд, аз волидон ирсӣ мегузарад. Баъзан чунин тағирот бори аввал дар кӯдак ба назар мерасад.
Микросефалия тақрибан дар 1 аз 25 000 кӯдак рух медиҳад.
Аломатҳои микросефалия
Хусусиятҳои ҷисмонӣ
Аксари кӯдаконе, ки бо микросефалия таваллуд мешаванд, сарашон аз муқаррарӣ хурдтар аст, суръати афзоиш ва инкишофи чунин кӯдакон нисбат ба маъмулӣ сусттар мебошад. Дигар хусусиятҳои ҷисмонӣ метавонанд афзоиши ками вазн ва қади кӯтоҳро дар бар гиранд.
Аломатҳои ақлонӣ
Кӯдакони гирифтори микросефалия аксар вақт доранд:
- оқибмонии инкишоф
- сустшавии нуқт
- ақибмонии ақлонӣ
- мушкилоти ҳамоҳангсозӣ ва мувозинат
Аломатҳои рафтор
Кӯдакони гирифтори микросефалия метавонанд бешфаъолӣ, ҳаяҷонноқӣ ва бадхашмиро зоҳир намоянд.
Мушкилоти тиббии марбут ба микросефалия
Кӯдакони гирифтори микросефалия метавонанд бемориҳои гуногун дошта бошанд, аз ҷумла ихтилоҷ.
Ташхис ва таҳлилҳо ба микросефалия
Баъзан мутахассисони соҳаи тиб метавонанд микросефалияро ҳангоми дар батни модар будани тифл ташхис кунанд. Ин тавассути ташхиси ултрасадо анҷом дода мешавад. ТУС одатан дар семоҳаи сеюми ҳомиладорӣ гузаронида мешавад, зеро дар аввали ҳомиладорӣ дақиқ муайян кардан душвор аст, ки андозаи сар аз муқаррарӣ хурд аст ё не.
Пас аз таваллуд ё агар дар кӯдак микросефалия баъдтар пайдо шавад, мутахассисони соҳаи тиб онро бо чен кардани сари кӯдак ва назорати афзоиши он ташхис мекунанд. Онҳо инчунин метавонанд кӯдакро ба рентген ва MРТ равона созанд.
Муолиҷа дар синни барвақтӣ барои кӯдакони гирифтори микросефалия
Барои микросефалия ягон табобат вуҷуд надорад. Аммо агар фарзанди Шумо микросефалия дошта бошад, дахолати барвақтӣ метавонад сифати зиндагии ӯро беҳтар созад.
Баъзе кӯдакони гирифтори микросефалия ба ягон табобат ниёз надоранд, ба ғайр аз ташрифи нақшавии табиби оилавӣ/педиатр барои чен кардани сари онҳо. Дигар кӯдакон метавонанд мушкилоти ҷиддии нутқ ва омӯзиш дошта бошанд. Баъзеҳо метавонанд ба доруворӣ барои ихтилоҷ ниёз дошта бошанд.
Агар фарзанди Шумо микросефалия дошта бошад, бо мутахассисони соҳаи тиб, ки кӯдакро дар синни барвақтӣ табобат хоҳанд кард - педиатр, логопед, кордармон ва тандармон тамос гиред.
Дар якҷоягӣ, Шумо ва гурӯҳи мутахассисон метавонед имконоти нигоҳубин ва табобатро муайян кунед, ки ба фарзанди Шумо бештар кӯмак мекунанд.
Ба худ ва оилаатон ғамхорӣ кунед
Агар фарзанди Шумо микросефалия дошта бошад, Шумо метавонед доимо танҳо ба нигоҳубини ӯ машғул шавед. Аммо дар бораи некӯаҳволии худ ғамхорӣ кардан низ муҳим аст. Агар саломатии ҷисмонӣ ва рӯҳии Шумо дар ҳолати хуб бошад, Шумо метавонед ба фарзандатон беҳтар ғамхорӣ кунед.
Муошират бо волидони дигар метавонад як роҳи олии дастгирӣ бошад. Шумо метавонед бо волидайни дигар, ки дар чунин вазъият қарор доранд, тавассути ҳамроҳ шудан ба гурӯҳи дастгирӣ вохӯред ё онлайн пайваст шавед.
Агар Шумо фарзандони дигар дошта бошед, пас бародарону хоҳарони кӯдакони дорои маъюбият бояд эҳсос кунанд, ки онҳо барои Шумо низ муҳиманд – Шумо дар бораи онҳо ғамхорӣ мекунед ва Шумо ба чизе, ки онҳо аз сар мегузаронанд, дар ташвиш ҳастед. Муҳим аст, ки бо онҳо сӯҳбат кунед, бо онҳо вақт гузаронед ва роҳҳои дурусти дастгирии онҳоро пайдо кунед.