Милия

Милия – доначаҳои бисёр хурди сафедранг мебошанд, ки метавонанд дар пӯсти рӯи кӯдак чанде пас аз таваллуд пайдо шаванд. Онҳо безараранд ва худ аз худ мегузаранд. Онҳо одатан дар навзодон пайдо мешаванд, аммо дар кӯдакони хурдсол ва калонсолон низ метавонанд пайдо шаванд.
Body
Сабабҳои милия

Милия – доначаҳои хурди сафедранг мебошанд, ки баъзан дар пӯсти рӯи кӯдак чанде пас аз таваллуд пайдо мешаванд.

Сабаби пайдоиши милия ҷамъшавии ҳуҷайраҳои мурда (кератин) аз қабати болоии пӯст мебошад, ки дар поёнтари сатҳи пӯст ба вуҷуд меоянд.

Аломатҳои милия

Милия асосан дар бинӣ ва рухсораҳои кӯдакон пайдо мешавад, аммо метавонад дар ҳама ҷои пӯсти рӯй пайдо шавад. Доначаҳо одатан аз 1 мм камтар диаметр доранд, аммо метавонанд то 3 мм бошанд. Милия дард ва хориш намекунад.

Дар кадом ҳолат кӯдакро ба табиби оилавӣ/педиатр ҳангоми милия нишон додан лозим аст

Агар Шумо дар гирду атрофи доначаҳо сурхшавӣ, варам ё карахши пӯстро бинед, фарзанди худро ба назди табиби оилавӣ/педиатр баред.

Табобати милия

Ба Шумо лозим нест, ки милияро бо малҳамҳо ё марҳамҳо табобат кунед, зеро онҳо дар давоми чанд ҳафта ё моҳҳои баъд аз таваллуд худ аз худ бе табобат нест мешаванд. Кӯшиш накунед, ки онҳоро сиққонед, сабр кунед ва интизор шавед, ки онҳо ба таври табиӣ гузаранд. Барои пешгирии пайдоиши милия бояд ҳар рӯз рӯи кӯдакро бо нармӣ шуста, бо рӯйпоккун хушк кунед.