Мо меҷунбонем ва ҳисоб мекунем
Ба Шумо чиҳо лозим мешавад: Қуттии картонии холӣ барои тухм (қуттӣ барои 10 дона тухм аз ҳама мувофиқтар мебошад), ду тӯби бозии пинг-понг ё ашёи хурди шабеҳ, қалам ё ручка, варақи қоғаз ё дафтар барои қайд кардани холҳо.
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Поёни ҳар як чашмакро аз 1 то 10 рақамгузорӣ кунед. Сипас ду тӯбчаро дар дохили он ҷойгир кунед ва қуттиро пӯшед.
Бозингарон бояд дар як давра нишинанд. Бозингари аввал қуттии тухмро гирифта, чанд сония меҷунбонад ва сипас онро мекушояд. Вай бояд аз ду чашмаке, ки дар он тӯбчаҳо ҷойгир шудаанд, дар фикр ду ададро ҷамъ кунад, то холашро дар ин давр муайян кунад. Пас аз ҳисоб кардан ва сабт кардани натиҷа, қуттӣ ба бозингари навбатӣ дода мешавад.
Қуттӣ дар давра ба якдигар дода мешавад, бозингарон холҳои худро ҷамъ мекунанд ва дар ҳар давр холҳо мегиранд. Аввалин шахсе, ки ба 100 мерасад, бурд мекунад - ё ҳар дигар рақаме, ки Шумо интихоб мекунед!
Бо кӯдакони калонтар Шумо метавонед ҷадвали зарбро машқ кунед - аз бозингарон хоҳиш кунед, ки ду рақами гирифтаро зарб кунанд ва ба ин васила дар ҳар як давр хол ба даст оранд.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин бозии оддии риёзӣ барои кӯдакон як роҳи ҷолиб барои машқ кардани малакаҳои ҳисобкунӣ дар фикр мебошад. Бозӣ кам ашёро талаб мекунад ва барои кӯдакони ҳамаи синну сол мувофиқ аст.