Моҳидорӣ мекунем
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Бозичаи кӯдаки Шумо - лӯхтак, хирсак ё дигар бозичаҳои, ки он қадар вазнин нест; ресмон ё риштаи ғафс; курпа.
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Пеш аз ҳама, лавозимоти даркориро омода намоед. Як нӯги ресмонро ба бозичаи интихобкардаатон бандед. Бозичаро ба замин, дар зери кӯрпа тавре гузоред, то ки танҳо ресмон намоён бошад. Кӯдакро дар назди нӯги берунаи ресмон шинонед ва ба ӯ вақт диҳед, то шавқ пайдо карда кӯшиш кунад, ки ресмонро ба дасташ гирад. Бигзор вай риштаро кашад ва Шумо ӯро рӯҳбаланд намоед: «Дар он ҷо чӣ аст? Оё лӯхтаки ту дар онҷост? Каш ва мебинӣ! Сюрприз!"
Бубинед, ки оё кӯдак кӯшиш мекунад, ки ресмонро кашад. Агар не, нишон диҳед, ки амали мазкурро чӣ гуна иҷро кардан лозим аст.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин машғулият ба кӯдаки Шумо кӯмак мекунад, то ҳаракатҳои дастони хурдакаки худро идора кунад ва инчунин ӯ дарк намояд, ки ашёҳо барои ҳамеша аз байн намераванд.