Мошини шахси месозем

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Ручка/қаламҳои ранга ва қоғаз.

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Дар аввал тарҳи мошинро тасвир намоед. Фикр кунед, ки баландии мошин чӣ қадар мебошад, чанд оина, дар ва чарх дошта метавонад. Бигзор кӯдакон ягон қобилияти ғайриоддӣ зоҳир намоянд – дар бораи қанотҳои қатшаванда ё муҳаррики ракета, ки метавонанд садоҳои фавқулбаланд бароранд, чӣ фикр доред?

Илова кардани рангҳо ва хусусиятҳои калидии мошин, ба монанди яхдони пинҳонӣ ё нишастгоҳи идорашавандаро аз хотир набароред!

Оё як мошин кифоя аст? Кӯшиш кунед, ки мошин барои ҳолатҳои махсус ё барои ягон персонаж созед!

Ба кӯдакони хурдсол кӯмак кардан мумкин аст – барои онҳо тарҳи мошинро тасвир намоед ва онҳо мошини тасвиршударо ранг кунанд. Кӯдакони калонтар метавонанд шаклҳои гуногуни техникаҳо, аз ҷумла нишастгоҳи васеътар илова намоянд. 

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин машғулят кӯдаконро бо консепсияи дизайн шинос менамояд ва дар ин маврид онҳо мошини орзуҳои худро тасвир мекунанд! Муҳимтар аз ҳама – эҷодкорӣ беҳудуд аст! Нишастгоҳ барои чӣ лозим аст, агар дар мошин роҳаткурсӣ ҷой дошта бошад?                                    Ҳама чиз имконпазир аст!