Муаммоҳо
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Ручка ё қалам, қоғаз ва сониясанҷ.
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Ин бозӣ барои кӯдакони калонсол аст. Кӯдаконро ба ду даста тақсим кунед ва бигзор онҳо барои дастаи худ номе пайдо кунанд. Ба ҳама як пораи коғаз диҳед, ки дар он муаммо нависанд ва агар дар дастаҳо бозингарон кам бошанд, бигзор як нафар якчанд муаммо нависад. Муаммоҳо метавонанд номи китоб, филмҳо ё сурудҳо, амалҳо ё суханону ашёҳои одди бошанд. Сипас ҳамаи муаммоҳои дастаи А-ро ба дохили кулоҳ ё халта гузоред, то аъзоёни дастаи Б онро бароранд ва ин амалро баръакс иҷро намоед.
Бозингари интихобшуда аз дастаи А аз дохили кулоҳ муамморо мебарорад ва калимаро нагуфта, бояд тавре амал кунад, ки дастаи ӯ калима ё ибораро тахмин кунад. Шумо метавонед калимаро ба ҳиҷоҳо тақсим кунед, имову ишора истифода баред, аммо садо баровардан мумкин нест.
Оё Шумо медонед, ки имову ишора – яке аз шаклҳои аввалини муошират аст? Пеш аз пайдоиши нутқи шифоҳӣ, одамони ибтидоӣ барои муошират аз имову ишора истифода мебурданд!
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Муаммоҳо як бозии классикӣ барои гурӯҳи кӯдакон мебошад, ки ҳадафи он интиқоли маълумот бе истифода аз калимаҳо мебошад. Бозии мазкур ба инкишофи малакаҳои муоширати ғайришифоҳии кӯдакон мусоидат мекунад.