Мубодила кардан бо ҳиссиёт

Маводҳои зарурӣ: Лозим нест   

Шумо ҳамроҳ чӣ кор карда метавонед: Дар ин синну сол, фарзанди Шумо эҳсосоти бештар нишон медиҳад. Ҳар рӯз Шумо мебинед, ки фарзандатон ҳаяҷон, ғамгинӣ, тарсу ҳарос ва ҳиссиёти дигар баён менамояд. Дар ин муддат, Шумо метавонед пай баред ва бигӯед, ки ӯ чӣ ҳис мекунад: «Ту хеле хушбахт менамоӣ. Ман фикр мекунам, ки аз дидори бибиат хеле хушҳоли. " Ё: «Мебинам, ки ту нороҳати, ки мо имрӯз дар берун бозӣ карда наметавонем. Биё, чизе пайдо кунем, ки дар хона то ба охир расидани борон бозӣ кунем. " Фарзанди шумо метавонад ҳиссиёти дигаронро пай барад. Шумо метавонед ба фарзандатон кӯмак кунед, ҳатто агар ӯ ҳиссиёти худро баён накунад: «Бале, ту мебини, ки хоҳари ту хеле ғамгин аст. Вай гиря мекунад. Оё ту метавонӣ ба ӯ кӯмак намоӣ, ки ӯ худро беҳтар ҳис намояд?

Кӯдаки Шумо чиро меомӯзад: Вақте ки Шумо эҳсосоти фарзанди худро пай мебаред, қабул мекунед ва дар бораи он сӯҳбат мекунед, ӯ ба фаҳмидан ва ифодаи пурраи онҳо шурӯъ мекунад. Рушди эҳсосотӣ вазифаи муҳим дар ин синну сол мебошад. Ҳамдардӣ ба дигарон низ ҷузъи ин раванд аст. Бо кӯмак расонидан ба фарзандатон дар эҳсосоти дигарон эҳсос ва ғамхорӣ кардан, Шумо ба фарзандатон кӯмак мекунед, ки ӯ шахси ғамхор гардад.