Муҷассамаҳои мусиқавӣ

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Мусиқӣ 

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Дар ин бозии шавқовар ва пурқувват, ҳар қадаре, ки бозигарон бештар бошанд, ҳамон қадар беҳтар аст! Консепсия оддӣ аст - ҳангоми навохтани мусиқӣ, кӯдакон рақс мекунанд. Аммо вақте ки мусиқӣ қатъ мешавад, онҳо бояд наҷумбанд ва комилан беҳаракат бошанд.

Касе бояд мусиқиро фурӯзону хомӯш кунад ва бозиро доварӣ кунад. Ҳамин ки довар мусиқиро қатъ мекунад, ҳама ҳаракатҳои бозигаронро мушоҳида мекунад. Агар  довар пайхас кунад, ки касе парид, тоб хӯрд ё ҷунбид, пас он бозингарро аз бозӣ берун мекунад! Тақрибан пас аз 20 сония, довар мусиқиро дубора фурӯзон мекунад ва бозӣ то он даме, ки танҳо як бозингар боқӣ мемонад, идома меёбад.

Мусиқиро дар ҳар як даври бозӣ иваз кунед ва бигзор кӯдакон бо услубҳои гуногун ҳаракат кунанд.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Муҷассамаҳои мусиқавӣ - бозии машҳур барои гурӯҳи кӯдакон аст, ки дар ҳама ҷо бозӣ кардан мумкин аст ва барои ҳама чизро омода намудан камтар аз як дақиқа вақт лозим мешавад. Кӯдакон малакаҳои гӯш кардану мувозинатро нигоҳ доштан ва инчунин ҳаракатҳои рақсиро машқ мекунанд!