Муҳофизат аз таъсири офтоб барои тифлон ва кӯдакон
Бехатарӣ аз таъсири офтоб: барои чӣ ин муҳим аст
Аз ҳад зиёд будан дар зери шуои офтоб метавонад боиси сӯхтанӣ аз шуои офтоб, саратони пӯст ва заиф шудани системаи масуният, осеби пӯст ва осеби биноӣ шавад.
Кӯдаки Шумо ба офтоб ниёз дорад, то бадани ӯ витамини D тавлид кунад, ки барои устухонҳо ва мушакҳои қавӣ муҳим аст. Аммо Шумо бояд эҳтиёт бошед, ки шуои офтоб ба пӯсти кӯдакатон дар муддати чанд вақт таъсир мерасонад.
Муҳофизат аз таъсири офтоб дар фаслҳои гуногуни сол ва вақти рӯз
Ҳифзи кӯдак аз таъсири офтоб дар вақтҳои гуногуни сол ва дар вақтҳои гуногуни рӯз дигаргун аст. Сабаб дар он аст, ки радиатсияи ултрабунафш дар тӯли сол вобаста ба фаслҳо фарқ мекунад.
Сатҳи аз ҳама баланди радиатсияи ултрабунафш аз соати 9:00 то 16:00 ба назар мерасад, вобаста аз дар куҷо будани Шумо ва вақти сол. Кӯдаки Шумо ба муҳофизат аз таъсири офтоб эҳтиёҷ дорад, агар ӯ дар зери шуои офтоб дар сатҳи ултрабунафш аз 3 ё зиёдтар бошад.
Шумо метавонед сатҳи радиатсияи ултрабунафшро, дар он ҷое ки ҳастед, бо истифода аз маълумот аз гузоришҳои метеорологӣ оиди радиатсияи ултрабунафш санҷед.
Тобистон, беҳтар аст, ки субҳи барвақт ё бегоҳ ба майдончаи бозӣ, боғ ё соҳил равед.
Соя
Соя ба Шумо ва фарзандатон каме муҳофизатро аз радиатсияи ултрабунафш таъмин мекунад. Паноҳгоҳи боэътимодтарин он аст, ки сояи торикро таъмин мекунад.
Аммо ҳатто дар соя, Шумо аз радиатсияи ултрабунафш комилан муҳофизат буда наметавонед. Аз ин рӯ, ҳатто вақте ки Шумо дар соя ҳастед, худ ва кӯдакатон либоси муҳофизатӣ, аз ҷумла айнаки офтобӣ ва кулоҳҳои доманадор пӯшед. Малҳами муҳофизатии зидди офтобиро ба пӯсти ҷои кушоди бадан молед.
Агар Шумо аробача истифода баред, онро бо матои сояафкан пӯшонед, ки ҳаво аз он мегузарад. Баъзе аробачаҳои кӯдакона соябонҳои танзимшаванда доранд, ки метавонанд ҳангоми тағирёбии офтоб сояро таъмин кунанд.
Агар Шумо соя пайдо карда натавонед, чатр ё овезаи зиддиофтобиро истифода баред. Барои аз офтоб муҳофизат кардани фарзандатон ҳангоми сафар бо ӯ дар мошин, ҳамеша дар тирезаҳои паҳлӯ пардачаҳо насб кунед.
Ҳатто агар рӯзи офтобӣ набошад ҳам, Шумо метавонед ба радиатсияи ултрабунафш дучор шавед. Ин маънои онро дорад, ки Шумо инчунин метавонед дар рӯзи абрнок ё хунук аз таъсири офтоб сӯхта бошед, ё агар шуои офтоб аз биноҳо, об, қум ё барф инъикос ёбад.
Либоси муҳофизатӣ, кулоҳҳо ва айнаки офтобӣ
Инҳоянд чанд нуқтае, ки ҳангоми интихоби либоси муҳофизатии зидди офтоб барои фарзандатон бояд дар назар дошта бошед:
- Матои зич кӯмак мекунад, ки пӯсти кӯдаки Шуморо аз офтоб муҳофизат кунад. Матоъро дар рӯшноӣ нигоҳ доред ва бинед, ки чӣ қадар офтоб аз он мегузарад. Агар аз матоъ нури зиёд гузарад, он инчунин миқдори зиёди ултрабунафшро гузаронида метавонад.
- Остинҳои дароз ва шимҳои дароз қисми зиёди пӯсти кӯдаки Шуморо мепӯшонанд. Агар он либосе, ки дастҳо ва пойҳоро пурра мепӯшонад, хеле гарм бошад, шим то зонуҳо ва куртаҳои остинаш то оринҷ мувофиқанд.
- Либоси шиноварии муҳофизатии зидди офтоб як роҳи олии ҳифзи кӯдаки Шумо аз офтоб ҳангоми шиноварӣ ё дар об будан мебошад.
- Либоси аз пахта дӯхташуда назар ба либоси аз маводи сунъӣ дӯхташуда салқинтар аст.
- Либоси озод Шуморо салқинтар нигоҳ медорад.
Кулоҳҳо
Кулоҳ рӯй, гардан ва гӯши кӯдаки Шуморо аз радиатсияи ултрабунафш муҳофизат мекунад. Кулоҳҳои тобистона, кулоҳҳои лапарпаҳн ва кулоҳҳои легионерӣ беҳтарин муҳофизат хоҳанд буд. Кулоҳи муқаррарӣ тавсия дода намешавад.
Барои кӯдакони навзод кулоҳи мулоимеро интихоб кунед, ки хобидани кӯдак дар он қулай бошад. Тасмачаҳо барои нигоҳ доштани кулоҳ дар сари кӯдак кӯмак мекунанд. Тасмачаҳоро ба паси сари кӯдакатон бандед, ё бандакҳои дарозро буред, то ки онҳо гардани кӯдакро нафишуранд.
Бисёре аз навзодон ва кӯдакони хурдсол пӯшидани кулоҳро дӯст намедоранд - аз пӯшонидани онҳо даст накашед, устувор бошед ва бо мурури замон кулоҳҳо барои кӯдаки Шумо маъмул мешаванд.
Айнаки офтобӣ
Айнаки офтобӣ ва кулоҳ чашми кӯдаки Шуморо ҳифз мекунанд. Айнаки офтобии ба чашм ҷафс ва дар гирди сар пӯшида мешударо интихоб кунед. Таъсири дурудароз дар зери нурҳои ултрабунафш омили хатари рушди катаракта мебошад.
Кӯдак, сару либос ва кулоҳи ӯро мунтазам тафтиш кунед, то боварӣ ҳосил кунед, ки ӯ дар зери нури бевоситаи офтоб нест.
Малҳами муҳофизатии зидди офтоб
Малҳами муҳофизии зидди офтобии обногузарро, ки аз ҳарду намуди нурҳо (UVA ва UVB) бо омили муҳофизатӣ аз офтоб (SPF) аз 30 ё баландтар, ба рӯй, дастон ва дигар ҷойҳои кушодаи бадан молед. Миқдори зиёди малҳами муҳофизатии зидди офтобро истифода баред - одатан одамон миқдори нокифояи малҳамро истифода мебаранд, бинобар ин муҳофизати лозимаро таъмин карда наметавонанд.
Ҳадди ақал 20 дақиқа пеш аз баромадан ба берун малҳами зидди офтобиро молед ва ҳар ду соат такрор кунед, ҳатто агар дар дастурамали он истифодаи онро камтар қайд карда бошад.
Боварӣ ҳосил кунед, ки мӯҳлати истифодаи малҳами зидди офтобӣ ба охир нарасидааст ва онро дар ҷои хунук ва торик дар ҳарорати аз 30 ° паст C нигоҳ доред.
Дар хотир доред, ки малҳами зидди офтобӣ радиатсияи ултрабунафшро бозмедорад, аммо онро пурра қатъ намекунад. Ба Шумо лозим аст, ки худро аз офтоб ҳифз кунед ва ба фарзандатон либоси муҳофизатии зидди офтоб пӯшонед.
Малҳами муҳофизатии зидди офтобӣ ва тифлон
Агар кӯдаки Шумо аз шаш моҳа хурд бошад, беҳтар аст, ки ба пӯсташ малҳами муҳофизатии зидди офтобро намолед - соя, либос ва кулоҳҳо беҳтарин муҳофизат барои ӯ хоҳанд буд.
Малҳамҳои муҳофизатии зидди офтобӣ, ки "барои кӯдакон" ё "барои пӯсти ҳассос" ном доранд, эҳтимоли кам ба пайдошавии доғҳои пӯст доранд. Пеш аз ҳама, ҳамеша ба як минтақаи хурди пӯсти кӯдаки худ креми муҳофизатии зидди офтобӣ молед, то пайдоиши ягон аллергияи пӯстро дида тавонед.
Намунаи ибрат
Шумо намунаи муҳимтарини ибрат барои фарзандатон ҳастед ва фарзанди Шумо кореро, ки мекунед, нусхабардорӣ мекунад. Агар Шумо худро аз таъсири офтоб муҳофизат кунед, эҳтимол дорад, ки фарзанди Шумо низ ҳамин тавр кунад.