Мулоҳизарониро меомӯзем
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида!
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Бо фарзандонатон дар муҳити бароҳат ва бароятон шинос шинед ё дароз кашед ва аз онҳо хоҳиш кунед, ки чашмонашонро пӯшанд. Шумо метавонед ҳангоми мулоҳиза кардани онҳо ба дасташон ягон ашё, аз ҷумла монанди болишт, кӯрпа ё бозичаи мулоими дӯстдоштаашонро диҳед. Ба онҳо гӯед, ки оромона нафас гирифта худро озод ҳис намоянд.
Бигзор онҳо диққати худро ба гӯш кардани нафаскашӣ ва эҳсосоти бадани худ равона кунанд. Бигзор кӯшиш кунанд, ки ҳадди имкон истироҳат кунанд ва тамоми шиддатро аз баданашон дур кунанд.
Бигзор онҳо фикр кунанд, ки чӣ боиси хушбахтии онҳо мегардад ва аз чӣ онҳо истироҳат мекунанд. Ин метавонад бӯйи ғизои дӯстдоштаи онҳо ё лаҳзае пеш аз кушодани тӯҳфа бошад. Ба кӯдакон фаҳмонед, то муддати дароз кӯшиш намоянд, ки рӯҳан дар ин ҳолат бимонанд ва парешон нашаванд. Бигзор онҳо кӯшиш кунанд, ки ба ин давоми як дақиқа диққат диҳанд ва баъдан, ҳар рӯз давомнокии ин амалро бештар намоед.
Мулоҳиза тӯли ҳазорсолаҳо дар амал татбиқ карда мешавад!
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Мулоҳиза - амали оромбахшест, ки ба кӯдакон дур шудани аз ташвишу корҳои берунаро меомӯзад, то онҳо худро озод ҳис кунанд. Ин як маҳорати бузурги ҳаётӣ буда дар ҳама синну сол муфид мебошад ва он метавонад ба мубориза бо стресс, изтироб ва баланд бардоштани шуурнокӣ кӯмак кунад.