Мурғаки доначин
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Чӯбчаҳо
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Дар раванди ин бозӣ беҳтар аст, ки дастаҳои иборат аз ду бозингар ё дукаса ташкил карда шавад, то онҳо бо якдигар рақобат намоянд.
Барои оғоз кардани бозӣ, фазои кушоди мувофиқро интихоб кунед – мисол боғи истироҳатӣ, майдонча ё боғча. Аз кӯдакон хоҳиш намоед, ки барои ҳар як даста 10 дона чӯбчаи тақрибан 30 см ҷамъоварӣ намоянд.
Агар Шумо дар рӯзи боронӣ дар дохили хона ин бозиро иҷро кунед, фикр кунед, ки Шумо чиро ба ҷойи чӯбча истифода бурда метавонед? Найчаҳо ё ҳатто ҷӯробҳоро низ метавонед истифода баред!
Кӯдакон чӯбчаҳои худро ба таври уфуқӣ ба замин мегузоранд, то ба зинаҳои нардбон монанд шаванд. Бозингари аввал аз болои як чӯбча ба чӯбчаи дигар то охири «зинапоя» ба ҷаҳидан оғоз мекунад.
Сипас онҳо чӯбчаи охиринро гирифта, боз ба як по ҷаҳида, дар нуқтаи аввал ҳамаи чӯбчаҳоро якҷоя карда, як дастаи «пур»-ро ташкил мекунанд.
Бозингарони ҳар як даста бо навбат ҷаҳида тамоми чӯбҳо ҷамъ мекунанд, вале агар ягон бозингар ҳарду пояшро ба замин гузорад ё пояш ба чӯбча расад, ӯ аз бозӣ хориҷ мешавад!
Дастае, ки ба якум шуда ба марра мерасад ё аз ҳама бисёр бозӣ мекунад, ғолиб ҳисобида мешавад.
Агар бо як по ҷаҳидан барои кӯдакони хурдсол душвор бошад, бигзор онҳо бо ду по аз болои чӯбчаҳо ҷаҳанд. Аммо агар онҳо бо пойҳои худ чӯбчаҳоро зананд, онҳо аз бозӣ хориҷ карда мешаванд.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Мурғаки доначин – ин бозии анъанавии чинӣ буда оид ба суръат, нигоҳдории мувозинат ва қатъият мебошад. Бозии мазкур дар байни кӯдакони ҳама синну сол машҳур буда, онро дар берун ё дар рӯзҳои боронӣ дар шароити хона иҷро кардан мумкин аст!