Мурғобиву қоз
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида!
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Аз кӯдакон хоҳиш намоед, ки дар як давраи калон бишинанд. Касе, ки роҳбарӣ мекунад, "қоз" мешавад ва аз доира берун рафта китфи бозингарони дигар - "мурғобиро" ламс мекунад. Ҳар дафъа, қоз "мурғобӣ, мурғобӣ, мурғобӣ..." мегӯяд, то он даме, ки касеро ҳамчун қози нав интихоб кунад - пас ӯ бояд "қоз!" гуфта фарёд кунад ва таъқиб кардан оғоз мешавад! Мурғобии интихобшуда пеш аз он, ки қоз давраро пурра гардиш карда дар курсии холӣ нишинад, ҷаҳида аз паси ӯ медавад. Агар мурғобӣ саривақт қозро дошта ром кунад, вай дар ҷойи аввалааш менишинад ва бозӣ идома меёбад. Аммо агар қоз дар гирди давра давида ба ҷои холи шинад, ӯ мурғобӣ мешавад ва мурғобие, ки ӯро дарёб карда натавонист қоз шуда бозиро идома медиҳад.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Бозии фаъоли эҷодӣ бо дӯстон ба кӯдакон кӯмак мекунад, ки як қатор малакаҳо ва қобилиятҳоро инкишоф диҳанд. Бозиро барои дилгиркунанда нашуданаш, мутобиқ кардан осон аст. Масалан, ба ҷойи давидан, Шумо метавонед қоидаеро муқаррар кунед, ки бозингарон (бо ду ё як по) ҷаҳанд ё дар атрофи доира хазанд. Ё бо мақсади мавзӯӣ гардидани бозӣ Шумо метавонед калимаҳои калидиро тағйир диҳед – мисол, калимаҳои роҳзан, динозавр ё баҳмутро истифода баред!