Мусиқӣ ва бозӣ: мусиқии кӯдакона
Ба шумо чиҳо лозим мешавад: мусиқии фараҳбахш, ашёҳое, ки садоҳои гуногун ба вуҷуд меоранд, шақшақа
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Кӯдакро дар дасти худ нигоҳ доред ва оҳиста-оҳиста ӯро таҳти мусиқӣ ҷунбонед (худ сароед ё аз радио ё телефон мусиқиро пахш кунед). Шумо метавонед кӯдакатонро дар рӯи даст дошта оҳиста дар ҳуҷра қадам занед. Бо мурури вақте ки кӯдаки Шумо калон мешавад, ӯ намудҳои гуногуни садоҳо ва мусиқиро фарқ мекунад (он чизеро, ки Шумо ва оилаатон аз он лаззат мебаред интихоб кунед, аз ҷумла мусиқӣ ва сурудҳои анъанавӣ).
Пеш аз ба хоб рафтан, кӯдаки худро дар оғӯш нигоҳ доред ва ҳангоми хондани суруди алла ӯро навозишкорона ҷунбонед. Ба кӯдаки худ суруд хонед (ҳатто агар Шумо дар сурудхонӣ хуб набошед ҳам, ӯ инро намедонад ва шунидани овози шуморо дӯст медорад!). Барои ором кардани кӯдак сурудҳо ва сурудҳои алларо такрор кунед. Сурудҳои анъанавӣ ба ӯ ҳисси мансубият ба фарҳанг ва ҷомеаи шуморо ба вуҷуд меоранд.
Роҳи дигари муаррифии садоҳо ба фарзанди Шумо – ин истифодаи ашёҳои ҳамарӯзаест, ки садо медиҳанд. Масалан, қошуқчаҳо ва пиёлачаҳои ченкунанда шаклҳои аҷоиб доранд ва ҳангоми задани онҳо ба рӯи миз садоҳои ҷолиб мебароранд. Қошуқчаҳо ё пиёлачаҳои ченкуниро дар масофаи на он қадар дур оҳиста ҷунбонед, то кӯдак тавонад бо дастҳо (ё пойҳо) ба он бирасад. Баъд гузоред, ки кӯдаки Шумо онро гирад, омӯзад ва ларзонад. Шумо метавонед ритм ё оҳанги оддиро пахш кунед ва бинед, ки фарзанди Шумо ба он чӣ гуна вокуниш мекунад.
Аз зангӯла, тамғаҳо ё сарпӯши зарфи пластикӣ шақшақа созед. Ба тифл ду шақшақа пешниҳод кунед, то ки ӯ дар ҳарду даст як донагӣ шақшақа дошта бошад. Кӯшиш кунед фаҳмед, ки оё ӯ яке аз садоҳоро нисбат ба дигараш бештар дӯст медорад.
Агар фарзандатон аллакай мустақил нишаста тавонад, ӯро ба зонуи худ рӯ ба рӯ шинонед. Бо ритми суруди кӯдакона ё мусиқии дигар зонуҳои худро ба боло ва поён ҳаракат диҳед. Суруд хонед ва ба ритми суруд ҳаракат кунед. Ба фарзандатон кӯмак кунед, ки дастҳояшро ба ҳам наздик кунад ва таҳти суруд қарсак занад.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин фаъолият барои ҳама мавридҳост, хусусан вақте ки мусиқӣ шавқовар аст ё кӯдаки шумо ва шуморо ором мекунад! Вақте ки кӯдак сурудхониро бо овози шинос мешунавад, ин ба ӯ кӯмак мекунад, ки инкишоф ёбад ва гӯш карданро ёд гирад.