Мусобиқа дар аробачаҳо
Ба шумо чӣ лозим мешавад: Ҳеҷ чиз
Машғулият аз чӣ иборат аст: Як майдончаи ҳамвор ва сералафро пайдо кунед ва қарор кунед, ки оғоз ва анҷом дар куҷо хоҳад буд. Ин рақобат барои суръат аст. Иштирокчиёнро ба ҷуфт тақсим кунед. Дар ҳар як ҷуфт, як кӯдак "аробаи чархдор" хоҳад буд, вай дар болои алаф дароз мекашад, аз паси ӯ шарикаш рост меистад. Қабл аз оғози мусобиқа, иштирокчии дуввум "аробаи чархдор" -ро аз пояш мебардорад “аробача” бошад ба дасташ мехезад. Ҳамин тавр... омода шавед, диққат, давед! Ҳар як ҷуфт мекӯшад, ки аввалин шуда ба хати марра расад - "ароба чарх мезанад" дар дасташ, шарик аз пайи ӯ меравад, пойҳояшро дошта. Маълум нест, ки чӣ мушкилтар аст - аввал ба марра расидан ё дар роҳ аз ханда наафтодан?!
Бигзор "аробакаш" суръатро муқаррар кунад, на шарик!
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин бозии классикӣ аст, ки дар он аз кӯдакон талаб карда мешавад, ки барои расидан ба марра ҷуфт-ҷуфт кор кунанд. Он малакаҳои иҷтимоии онҳоро инкишоф медиҳад ва он шавқовар мебошад! Дар баробари ин, кӯдакон малакаҳои тавозун, ҳамоҳангсозӣ, қувват ва малакаи кор дар гурӯҳро тамрин месозанд!