Мусоҳибаи оилавӣ

Маводҳои зарурӣ: Ҳатмӣ нест.

Шумо ҳамроҳ чӣ кор карда метавонед: Сараввал ҳал кунед, ки кӣ аввалин шуда дар курсии мусоҳиба мешинад ва фарзандонатонро ташвиқ кунед, ки ба онҳо савол диҳанд! Ба ягон илҳом ниёз доред? Кӯшиш кунед, ки аз саволҳои дар поён овардашуда оғоз кунед ва бубинед, ки сӯҳбат шуморо ба куҷо меорад!

1. Шумо ба ҳайвоноти хонагӣ нигоҳубин кардаед?

2. Шумо зимистон ё ки  тобистонро афзал медонед? Чаро?

3. Хӯроки дӯстдоштаи Шумо кадом аст?

4. Оё Шумо ягон бор дар дигар кишвар зиндагӣ кардаед? Мехоҳед ки зиндагӣ кунед? Дар куҷо?

5. Суруди дӯстдоштаи Шумо кадом аст?

6. Оё Шумо ягон бор устухонро шикастаед?

7. Филми охирини Шумо чӣ гуна буд?

8. Агар Шумо метавонистед ба гузашта баргардед ва бо шахсе аз таърих шинос шавед, ин шахс ки мебуд?

Акнун кӯдаконро ташвиқ кунед, ки дар бораи саволҳои худ фикр кунанд - онҳо набояд саволҳои мушкилфаҳм бошанд! Масалан пурсед ки, ки онҳо бештар ба кадом ҳайвон шабоҳат доранд ё онҳо то охири умр ҳар рӯз кадом хӯрокро мехӯранд? Барори кор!

Барои машгулиятро бештар шавқовар кардан фарзандонатонро водор кунед, ки худро хабарнигори машҳур вонамуд кунанд!

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Кӯдакони кунҷков дар ин амал табиатан рафтор мекунанд, ки онҳо метавонанд оилаи худ (шуморо!) дар фазои мусоҳиба вонамуд кунанд. Ин роҳи боэътимод ва дурусти рушди малакаҳои иҷтимоӣ ва коммуникатсионии онҳо ва омӯхтани чизҳои нав дар бораи Шумо мебошад.