Мутобиқшавӣ дар кӯдакистон: маслиҳатҳо барои ҳафтаҳои аввал
Якчанд ҳафтаи аввал дар кӯдакистон
Кӯдакистон барои кӯдак муҳити нав аст, бо одамони нав ва реҷаи нави ҳаррӯза. Агар имконпазир бошад, беҳтар аст, ки тадриҷан ба боғча одат кунонед. Пурсед, ки оё шумо метавонед фарзанди худро дар аваал танҳо ним рӯз бимонед.
Донистани он муҳим аст, ки кӯдак ҳангоми ба кӯдакистон нав рафтанаш, ба тағирот чӣ гуна мутобиқ мешавад. Мутобиқшавӣ муваффақ аст, агар ӯ:
- одатан аз рафтан ба кӯдакистон хушҳол аст;
- ба шумо бозичаҳои дастисози худро нишон медиҳад ва аз дастовардҳояш дар кӯдакистон нақл мекунад;
- бо камоли майл накл мекунад, ки рӯз чӣ тавр гузашт.
Агар шумо аз мутобиқшавии фарзандатон ба кӯдакистон хавотир бошед, метавонед бо мураббиёни фарзандатон сӯҳбат кунед.
Агар шумо барои ба кӯдакистон рафтан пешакӣ омодагӣ намоед, одат кардан ба кӯдакистон барои шумо ва фарзандатон хеле осонтар хоҳад буд.
Мутобиқшавӣ дар кӯдакистон: маслиҳатҳо
1. Пешакӣ омода шавед
Дар бораи чизҳое, аз қабили хӯроки бо худ мебурда ва тамғаҳо дар либос як шаб пеш тайёрӣ бинед. Бо ин роҳ шумо аз саросемагии саҳарӣ пеш аз баромадан аз хона пешгирӣ карда, тамоми диққати худро ба кӯдак ва эҳсоси ӯ пеш аз рафтан ба кӯдакистон равона карда метавонед.
2. Бигзор дар хона вақти холӣ зиёд бошад
Дар кӯдакистон кӯдакон вақтро фаъолона мегузаронанд. Пас аз як рӯзи дароз дар кӯдакистон, кӯдак эҳтимол хаста мешавад ва дар хона бояд барқарор шавад. Барои ин, ӯ метавонад барвақт хоб равад ё бештар хоб кунад, ё танҳо дар муҳити шинос ба бозиҳои ором машғул шавад.
3. Бо фарзандатон якҷоя вақт гузаронед
Акнун, ки шумо бо фарзандатон камтар вақт мегузаронед, шумо бояд вақти бештареро, ки якҷоя мегузаронед, истифода баред.
Агар шумо ҳоло ҳам синамаконӣ дошта бошед, сина додан пеш аз кӯдакистон ва баъд аз он метавонад вақти хубе барои якҷоя будан бошад. Шумо инчунин метавонед бегоҳӣ барои оббозӣ бо суруду бозиҳо, оғӯшкунӣ ва китобхонӣ пеш аз хоб вақт ҷудо кунед. Рӯзҳои истироҳатро барои дамгирии оилавӣ ба нақша гиред, масалан сайругашт дар боғи фароғатӣ.
4. Дар чанд рӯзи аввал бо кӯдак дар кӯдакистон каме вақт гузаронед
Дар давоми чанд рӯзи аввал, ҳадди аққал панҷ дақиқа дар кӯдакистон бимонед. Шумо метавонед бо фарзандатон китоб хонед ё ягон кореро, ки ӯ иҷро мекунад, мушоҳида кунед. Пас аз он ки фарзандатон ба кӯдакистон одат мекунед, шумо метавонед баробари овардани фарзандатон зуд равед.
5. Хайрухуш кунед
Ҳангоме ки вақти рафтанатон мерасад, ба фарзандатон гӯед, ки шумо меравед ва ба ӯ хабар диҳед, ки кай бармегардед. Ӯро ба оғуш гирифта бӯса кунед, бо мураббия хайрухуш кунеду сипас равед.
6. Бо мураббия робита барқарор кунед
Кӯдак дар муҳити нав бароҳаттар мешавад, агар бинад, ки шумо бо мураббия муносибати хуб доред. Вақте ки шумо ба мураббия бовар мекунед, худи кӯдак ба ӯ бештар эътимод мекунад.
7. Нақшаи синамаконӣ
Агар шумо ҳанӯз синамаконӣ доред ва имкон дошта бошед, шумо метавонед дар давоми рӯз ба кӯдакистон омада, ба фарзандатон синамаконӣ кунед.
Баъзе кӯдакон аз кӯдакистон рафтан намехоханд. Ин комилан муқаррарӣ аст ва маънои онро надорад, ки онҳо мураббиёнро аз оила бештар дӯст медоранд. Ин танҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо дар кӯдакистон бароҳатанд.
Мутобиқсозии кӯдаки дорои эҳтиёҷоти махсус дар кӯдакистон: маслиҳатҳо
Кӯдакистонҳо бештар ба қабули кудакони дорои эҳтиёҷоти махсус ё иловагӣ шурӯъ мекунанд. Ҳангоми мутобиқ кардани кӯдакони дорои чунин эҳтиёҷот, баъзе мушкилоти иловагии маишӣ ва эмотсионалӣ метавонанд ба миён оянд.
Агар шумо кӯдаки дорои эҳтиёҷоти махсус дошта бошед, ғояҳои зерин метавонанд муфид бошанд:
- Ба мураббия дар бораи эҳтиёҷоти махсуси кӯдак ҳангоми ба кӯдакистон ҷойгир кардани кӯдак хабар диҳед.
- Бо кормандони кӯдакистон сӯҳбат кунед, то онҳо ба омадани кӯдаки шумо омода шаванд, масалан харидани таҷҳизоти махсус ва омӯзиши кормандон.
- Ба мураббиён нишон диҳед, ки фарзанди шумо ба чӣ гуна нигоҳубин ниёз дорад. Шояд ба шумо лозим ояд, ки ба мураббия дар омӯхтани малакаҳои нав кӯмак кунед.
- Барои мубодилаи маълумот байни шумо ва кӯдакистон аз китоби муоширатии муфассал истифода баред.
- Бо мураббияи фарзандатон дар бораи рафторе, ки аз фарзандатон интизор ҳастед, сӯҳбат кунед.