Мувозинат
Маводҳои зарурӣ: курси ё роҳаткурси
Машғулият аз чӣ иборат аст: Фарзанди шумо ҳоло якмоҳа нест ва ӯ пурра намефаҳмад, ки дар атроф чӣ рўй дода истодааст. Ҷаҳони ӯ ҳанӯз хеле кучак аст ва ба кӯдак лозим меояд ки ӯро кашф намояд. Ин машқ барои ҳавасмандгардонии рушди биноии кӯдак ва таҳқиқи атроф пешбинӣ шудааст.
Сараввал, Шумо бояд кӯдакро ба оғӯш гиред ва дар курси бароҳат нишинед. Кӯдаки худро тавре нигоҳ доред, ки сараш ба сӯи пойҳои шумо нигаронида шавад. Пушт ва сари кӯдакро бо ду даст дастгирӣ кунед; ҳамин тавр кӯдак худро бехатар ҳис мекунад.
Акнун Шумо бояд диққати кӯдакро ҷалб намоед, то ки ӯ ба рӯятон нигоҳ кунад. Барои ин, Шумо метавонед номи ӯро бигӯед, суруди форам хонед, қофия хонед ва ё ба кӯдак чизи хуш ва меҳрубонона гӯед.
Пас аз он, ки диққати кӯдак ба шумо нигаронида шудааст, кӯдакро оҳиста аз паҳлӯ ба паҳлӯ ҷунбонед. Ҳангоми иҷрои ин кор ҳамеша кӯшиш кунед, ки сухан гӯед ё суруд хонед; Шумо метавонед барои машқро гуногун кадан, каме мавқеъ ва ё ҳаракатҳоро тағйир диҳед.
Агар шумо пай баред, ки кӯдак ба Шумо нигоҳ карданро бас кардааст, таваққуф кунед ва бори дигар диққати ӯро ба худ ҷалб кунед. Вақте, ки Шумо фаҳмидед, ки кӯдак хаста шудааст, машқро қатъ кунед. Ҳеҷ гоҳ кӯдакро маҷбур накунед, ки дар ин фаъолият иштирок кунад, зеро ин аз бозӣ ин ба вазъияти нофорам мубаддал мешавад ва ҳадаф ба даст намеояд.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин фаъолият ба фарзанди Шумо дар ҳамоҳангсозии ҳаракатҳои чашм ва тамаркуз ба ашёи мушаххас кӯмак мекунад, инчунин ба ӯ барои шинохтани чеҳраи Шумо ё чеҳраи наздикон кӯмак мекунад, малакаҳои ҳамкории иҷтимоиро инкишоф медиҳад ва ташаккули фаҳмиши тавозуни баданро такмил медиҳад.