Нақлкунанда

Ба шумо чӣ лозим мешавад: Маҷмӯаи ҳикояҳо

Шумо якҷоя чӣ кор карда метавонед: Пеш аз оғоз намудани машғулият, ҷойи онро омода намоед. Дар хотир доред, ки он бояд барои ҳардуи шумо бароҳат бошад. Ин дафъа кӯдак метавонад ба курсӣ ё роҳаткурсӣ шинад.

Ҳикояи фарзанди худро истифода бурда, қиссаро хонед ва тавре, кунед, ки овоз ва имову ишораи каҳрамонҳо таваҷуҳи онҳоро ҷалб намояд. Вақте, ки қаҳрамон хушбахт, ғамгин, хашмгин аст ё ягон ҳиссиётро эҳсос менамояд, ба фарзандатон нишон диҳед, то ин ки ӯ аз пайи Шумо ин эҳсосотҳоро мушоҳида ва таваҷуҳ карда тавонад.   

Ҳангоми изҳори тааҷҷуб Шумо метавонед дастҳои худро боло бардоред. Муҳим аст, ки ба кӯдак имкон диҳед, ки ҳамон эҳсосоте, ки нафари дигар аз сар мегузаронад, дарк кунаду ҳис кунад.  Фарзанди худро ташвиқ кунед, ки ба Шумо ҷавоб диҳад.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Бо ёрии ин машғулият Шумо ба кӯдак эҳсосоти дигаронро дарк карда ва ба онҳо эътино кардан кӯмак менамоед. Фарзандатон бо Шумо бо шавқу рағбаташ табодул карданро меомӯзад.