Нақши баргҳо
Ба Шумо чиҳо лозим мешавад: Баргҳо, рангҳо, мӯқалам, исфанҷ, табақча, маҷалла, об (барои шустани мӯқалам), коғази оддӣ ё ранга.
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Ҳангоми сайругашт дар боғ ё боғӣ фароғатӣ баргҳои андоза ва шаклҳои гуногун доштаро ҷамъ кунед.
Барои эҷодиёти худ ҷой омода кунед: ягон маҷаллаи кӯҳнаро паҳн кунед ва як қабати рангро дар табақчаи ранг резед (Шумо метавонед рангро ба шишача ё дигар зарф резед). Сипас баргро ба ранг андозед ё барои баробартар ранг шудан аз мӯқалам ё исфанҷ истифода баред.
Баргро бо тарафи поёни рангшуда ба варақи коғаз монед ва аз боло пахш кунед. Баргро аз варақи қоғаз тавре ҷудо кунед, то ки пайи он дар коғаз боқӣ монад. Тавассути паймонии паҳлӯ ба паҳлӯ ё болои ҳамдигар нақшҳои гуногун эҷод кунед. Шумо метавонед барои ҳар як барг рангҳои гуногунро истифода баред ё рангҳои гуногунро дар як барг омехта кунед.
Варақаҳои коғазро бо нақшҳои тар ба мизи алоҳида гузоред, то онҳоро хушк кунед ё дар арғамчин бо воситаи чангчаи ҷомашӯйовезӣ овезон кунед.
Кӯшиш кунед, ки баргҳои на он қадар хушкро истифода баред (беҳтараш онҳоро дар аввали тирамоҳ ҷамъоварӣ кунед), зеро баргҳои бисёр хушкро ранг кардан ва ба коғаз пахш кардан душвор аст, чунки онҳо майда-майда мешаванд. Баргҳои шаклашон ғайриоддӣ ё бо хатҳои возеҳи рагҳо нақшҳои ҷолибтаринро мемонанд.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин фаъолият барои кӯдакони ҳама синну сол мувофиқ аст. Он ба рушди ҳамоҳангсозии дастҳо ва тафаккури эҷодӣ мусоидат мекунад. Кӯдакон дӯст медоранд, ки баргҳои шакл ва андозаҳои гуногун кобанд ва тасаввур кунанд, ки аз онҳо чӣ гуна расмҳо сохта метавонанд.