"Намоиш диҳед ва бигуед"

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Либоси фарзандатон, халтаҳои коғазӣ, маҷаллаҳо ё китобҳои тасвирдор.

Машғулият аз чӣ иборат аст: Ин бозии баённамоии номҳои объектҳо аст. Ҳамеша номҳои узвҳои бадан, ашёҳоеро, ки Шумо ҳамарӯза истифода мебаред ва одамонеро, ки фарзанди Шумо медонад, чӣ гуна меномед, истифода баред. Ҳамин тавр, ӯ дарк хоҳад кард, ки калимаҳое ҳастанд, ки ҳама чизро нишон медиҳанд ва оҳиста-оҳиста вай ба алоқаманд кардани ашё ва номи онҳо шурӯъ мекунад.

Аз ҷӯроб ё халтаи коғазӣ ду лӯхтаки оддӣ созед - яке барои худ ва дигаре барои фарзандатон. Бигзор бозичаи Шумо бо фарзандатон ё бозичааш "суҳбат кунад". Бигзор кӯдак "ҷавоб диҳад" ва барои ҳар як ҷавоби ӯ Шумо луқмапартоӣ мекунед, то ин ки бози идома ёбад. Ба сифати бозичаи “сухангуй” Шумо метавонед, дилхоҳ бозичаи на он қадар калонро, ки дар хона ҳаст, истифода баред.

Ба ашёи либос, бозичаҳо, узвҳои бадан, ашё ё расмҳо ишора намуда, танҳо пурсед "Ин чист?", то ин ки кӯдак онҳоро номбар намояд. Агар кӯдак худаш ба савол ҷавоб надиҳад, Шумо худатон ҷавоб диҳед ва ӯро ташвиқ кунед, ки аз паси Шумо такрор кунад. Ин як вақтхушии шавқовар аст, на имтиҳон.

Шумо метавонед бо тасвирҳо албом созед, ки расмҳои оддии маҷаллаҳоро ба албом часпонед ё ба албоми аксҳо дохил кунед. Кӯдак инчунин аз дидани тасвирҳои худ ва аъзоёни оила лаззат мебарад. Дар ин синну сол кӯдакон инчунин тасвирҳои ҳайвоноти хонагиро дӯст медоранд. 

Пеш аз пӯшидан, Шумо метавонед либосҳои кӯдакро рӯи кат гузоред ва аз ӯ хоҳиш кунед, ки чизҳоеро, ки Шумо номбар мекунед, гирифта диҳад- курта, шим, ҷӯроб, пойафзол.

Ду коса ё табақи якхела ва як бозичаи хурдро гиред. Бозичаро дар таги коса пинхон кунед, аммо он тавре, ки кӯдак онро бинад. Аз ӯ пурсед: "Ин бозича ҳоло дар куҷост?". Вақте ки кӯдак ӯро пайдо мекунад, пурсед: «Ин чист? Ин чӣ ном дорад?".

Ин машғулияти оддие мебошад, ки барои он ҳамеша вақт мавҷуд аст, ҳатто ҳангоми иҷрои корҳои ҳаррӯза бо кӯдак.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ҳар гуна бозӣ ва ҳама гуна машғулият имкони ҳавасмандгардонии рушд ва таълими фарзанди шумост. Инчунин он инчунин ташакулёбии малакаҳои тафаккурӣ, эҳсосотӣ ва иҷтимоӣ мебошад.