Намоиш ташкил менамоем
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида!
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Дар бораи намоиш фикр кунед. Барои илҳом гирифтан филмҳо ё китобҳои дӯстдоштаи худро аз назар гузаронед. Шумо метавонед сюжаҳоро такроран намоиш дода, дар барои қаҳрамонони машҳур саргузаштҳои нави ҷолиб эҷод кунед. Дар мувофиқа бо ин Шумо метавонед сенария нависед ё бо дарназардошти саҳнаҳои тақрибии ҳикоя ипровизатсия намоед. Агар моно-намоиш ба Шумо маъқул бошад, кӯдак метавонад асари дӯстдоштаи худро (ё порчаро) азёд намуда онро дар назди мардум намоиш диҳад. Барои таассуроти баланд мондан дар хотири тамошобин хуб машқ кунед. Дар бораи чӣ гуна пешниҳод кардани намоиши худ фикр кунед! Дар ниҳоят, аъзоёни оила ё дӯстонро ба намоиш даъват кунед.
Дар Англия ҳангоми зиндагонии У. Шекспир ба занон иҷозат намедоданд, ки дар саҳна ҳунарнамоӣ кунанд. Нақшҳои занро писарон ва мардон иҷро мекарданд!
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Вақте ки кӯдакон дар вазъияте меафтанд, ки тамоми таваҷҷӯҳ ба онҳо равона мегардад, ин ба онҳо кӯмак мекунад, ки малакаҳоеро инкишоф диҳад, ки эътимоди онҳоро ба дигар соҳаҳои ҳаёт афзоиш диҳад. Дар мавриди имконият додан ба кӯдакон барои дар маркази таваҷҷӯҳ қарор доштан, онҳо худро бо таври ғайричашмдошт нишон медиҳанд - оромона муваффақияти онҳоро мушоҳида намоед.