Навбати ту, навбати ман

Ба шумо чӣ лозим мешавад: Ҳама гуна бозиҳои оддӣ бо қоидаҳо, ба монанди бозӣ бо  кортҳо ё бозии рӯимизии дар хонабуда, ки харида шудааст ва ё сохта шудааст. Барои бозӣ бо кортҳо, кортҳои доштаатонро истифода баред ё  ин ки маҷмӯи худро созед. Шумо метавонед ҷуфтҳои шаклҳои оддӣ ё тасвирҳо (ду парранда, ду гурба ва ғ.) кашед. Дилхоҳ бозии дигари оддие, ки ба фарзанди Шумо дар дохили бино ё дар берун маъқул мешавад. Ин метавонад бозии анъанавӣ аз кӯдакии Шумо бошад.

Шумо якҷоя чӣ кор карда метавонед: Бозии якҷояеро  кунед, ки ба фарзанди Шумо маъқул бошад. Шумо бояд фаҳмед, ки фарзанди Шумо метавонад баъзе қоидаҳоро риоя кунад, аммо қоидаҳои дигарро ба осонӣ фаромӯш карда метавонад. Ҳамааш хуб аст! Дар давоми бозӣ, Шумо метавонед ҷлятонро иваз кунед: ”Ваҳ ту муҳрачаи бозии худро дар се мавқеъ иваз кардӣ. Акнун интихоб кардан, навбати ман аст.” Ё “Аъло! Ту ду кортро бо акси гурбаҳо ёфтӣ. Ҳоло интихоб кардан навбати ман аст. Калимаҳои “навбати ту” ва “навбати ман”-ро зуд-зуд истифода баред, то фарзандатон мазмунашро фаҳмад. Шумо метавонед пурсед: "Акнун навбати кист? Ташаккур!" Ҷарраёни бозии рӯйи мизиро гуворо кунед, диққатро ба “ғолиб ва мағлуб” ҷалб накарда, аз бозии якҷоя ҳаловат баред.

Ба фарзанди Шумо дилхоҳ бозии оддӣ маъқул мешавад, агар Шумо дар он иштирок кунед!

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Вақте ки фарзанди Шумо калонтар мешавад, ҳолатҳои зиёде пайдо мешаванд, ки ӯро маҷбур мекунанд, ки ба қоидаҳо итоат кунад (навбат дар мактаб, интизори ашёи хониш ва ғайра). Ин машғулият - шиносоии гуворо, тадриҷӣ бо ин озмоиш аст. Риояи навбат – қадами муҳим ба инкишофи идрокӣ ва иҷтимоии кӯдакон мебошад ва ин машғулият яке аз воситаҳои озмоиши он мебошад.