Навозанда

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Косачаи пластикӣ ё табақ; қошуқи чӯбӣ ё пластикӣ.

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Кӯдакро дар пеши худ дар курсӣ ё рӯи фарш шинонед, пушташро ба болиштҳо такя кунонед.

Барои оғоз кардан, ба кӯдаки худ ашёҳоро нишон диҳед, бигзоред, ки ӯ онҳоро ламс кунад ва таҳқиқ кунад. Сипас ба ӯ суруд хонед ва бо задани яке аз қошуқҳо ба коса ё табақ садо бароред. Вақте ки Шумо мебинед, ки диққати кӯдакро ба худ ҷалб кардаед, ба ӯ қошуқ диҳед ва ӯро даъват кунед, ки бо Шумо садо барорад. Шумо метавонед дасти ӯро гиред ва ба ӯ дар такрор кардани ҳаракатҳои худ ёрӣ диҳед ва сипас бигзоред, ки худи ӯ ҳамон чизро мустақилона иҷро кунад.

Дар давоми машқ кӯдакро бо суханҳо ё кафкӯбӣ рӯҳбаланд кунед ва табассум кунед, то ӯ ҳавасманд шавад, ки пас аз Шумо такрор кунад. 

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Бо ин машғулият Шумо ба кӯдакатон барои такрор кардани ҳаракатҳо ва ифодаҳои чеҳра кӯмак хоҳед кард, ки ин рушди малакаҳои иҷтимоии ӯро ҳавасманд мекунад.