“Не”-ро бо муҳаббат гӯед
Ба шумо чӣ лозим мешавад: Ҳеҷ чиз
Машғулият аз чӣ иборат аст: Дар ин синну сол фарзанди Шумо эҳтимол гаваккаширо оғоз менамояд. Ин маънои онро дорад, ки ӯ ашёҳои гуногунро дар муҳити атрофаш таҳқиқ менамояд, аз он ҷумла ашёҳое, ки хатарнок буда метавонанд. Шумо мефаҳмед, ки бояд ба кӯдак “не” гӯед. Чӣ тавр онро самаранок ва бо муҳаббат кардан мумкин аст? Як чанд маслиҳат вобаста ба ин масъала:
- Хонаро барои кӯдак бехатар кунед ва ашёҳои хатарнокеро, ки ба кӯдак дастрас аст, истисно намоед.
- Ҳар чи камтар калимаи “не”-ро истифода баред. Агар Шумо мебинед, ки фарзанди Шумо ба ашё ё ҷойи хатарнок наздик мешавад, диққати ӯро ба дигар чиз ҷалб намуда, боэҳтиёт ӯро ба дигар ашёҳои шавқовар интиқол диҳед. Шумо гуфта метавонед: “Биё ягон бозиҳои бехатар ба ту меёбем”.
- Дигар калимаҳоро истифода баред, ҳама вақт калимаи “не”, “ист” ё ин ки “ин чиркин аст! Шикамчаат дард мекунад”-ро истифода набаред, метавонед, калимаҳои ба он монандро, ки ҳамин мазмунро медиҳад, истифода баред.
- Бо сабаби он, ки фарзанди Шумо аввал калимаи “не”-ро намефаҳмад, агар Шумо ин калимаро гӯед, ба кӯдак наздиктар шавед ва дар баробари ин кӯтоҳ фаҳмонед (“Вой, дард мекунад!, Накун, ки дард мекунад!”) . Ҷиддӣ гап занед.
- Кӯшиш намоед, ки фарзанди Шумо аз калимаи “не”, калимаи “ҳа”-ро бештар шунавад!
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ба фарзанди Шумо таҳқиқ намудан ва бо баданаш ҳаракат намудан зарур аст, аммо он бояд бехатар амалӣ гардад. Шумо барои бехатарии фарзандатон кӯмак менамоед ва оҳиста-оҳиста ба ӯ меомӯзонед, ки аз ашёҳои хатарнок дурӣ ҷуяд. Фарзанди Шумо калимаи “не”-ро ( “не”, “ист” ё “инро истифода набар”) бо ашёҳо ва вазъият пайваст намуданро меомӯзад. Ин барои инкишофи фикрронӣ ва нутқ муҳим аст. Дар як вақт вай бовар карданро меомӯзад, ки Шумо ӯро эмин нигоҳ медоред ва кӯмак менамоед, ки машғулияти хуб ёбад.