Нигоҳ доштани таваҷҷӯҳи кӯдак

Ба шумо чӣ лозим мешавад: Танҳо ашё ё бозичаҳои муқаррарие, ки ба фарзанди Шумо аз ҳама бештар писанд аст.

Машғулият аз чӣ иборат аст: Дар ин синну сол фарзандатон гуфта наметавонад: "Ман дилгир шудам" ё "ба ман маъқул, хоҳиш дорам бас накунед!" Бо мушоҳида намудани рафтори фарзандатон Шумо мефаҳмед, ки оё кӯдак ба ягон чизи нав таваҷҷӯҳ карда ё машғул шуда метавонад. Фарзанди Шумо метавонад ба ғавғо сар кунад ё аз чизҳое, ки пештар ба онҳо таваҷҷӯҳ доштанд, рӯй гардонад. Ё шояд ба ӯ танҳо ҷой ё  мавқеи нав ёфтан лозим аст.

Якчанд чизро санҷед, то ин ки фарзандатон кунҷков, ҳушёр ва қаноатманд бимонад. Шумо фарзанди худро аз ҳама беҳтар медонед. Шояд як ашёи наве, ки дар даст дорад, ӯро боз каме бештар мафтун кунад. Шумо метавонед кӯдакро гирифта, каме сайр кунед ва қисматҳои нави ҳуҷраро аз назар гузаронед. Ё, шояд вақти кофӣ дар ҳолати "дар шикам" будан гузаштааст ва фарзанди Шумо мехоҳад ба пушт хобида ба чизе нигоҳ кунад.

Ба Шумо лозим нест, ки ҳар дақиқа як чизи наверо ба анҷом расонед, танҳо ба ишораҳои фарзандатон диққат диҳед ва тағйироти оддӣ ворид кунед, ҳавасмандкунии  каме бештар ё камтар фарзанди шуморо қаноатманд ё шавқманд карда метавонад.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Фарзанди Шумо тарзу услҳои баён намудани чизи мехостаашро то он даме, ки ӯ ҳаракат кардан ва сухан гуфта тавонад, ёд мегирад. Тағйиротҳои оддӣ дар ашёҳое, ки ба онҳо нигоҳ кард ё даст гирифт, ё тағироти ночиз дар мавқеи фарзанди шумо, дарро барои имкониятҳои нави омӯзиш боз мекунад. Бо гузашти вақт, Шумо мефаҳмед, ки вақти омӯзиш ба Шумо ва фарзандатон чӣ медиҳад.