Нигоҳубини дандони тифлон

Дар аксари ҳолатҳо дандонҳои аввал дар синни 6-10 моҳагӣ пайдо мешаванд, аммо дар баъзе кӯдакон онҳо дар вақтҳои гуногун мебароянд. Вақте ки дандонҳои аввал пайдо мешаванд, онҳоро дар як рӯз ду маротиба бо об ва чӯткаи нарми кӯдакона тоза кардан лозим аст. Барои пешгирии кариес (пӯсидани дандон) тавсия дода мешавад, ки ба кӯдак асосан шири модар ё ғизои сунъии кӯдакона диҳед ва нагузоред, ки кӯдак бо шишача хоб кунад.
Body
Афзоиши дандонҳои ширӣ

Кӯдакон бо маҷмӯи пурраи 20 дандони ширии дар милк маҳфузшуда таваллуд мешаванд - 10 дар боло ва 10 дар поён. Вақте ки ҳар як дандони кӯдак ба сатҳи милки дандон мерасад, милки дандон кушода мешавад ва дандон мебарояд. Маҷмӯи пурраи дандонҳои ширӣ дар кӯдак то синни сесолагӣ мебарояд.

Дар аксари ҳолатҳо дандонҳои аввал аз синни 6 то 10 моҳа пайдо мешаванд, аммо дар баъзе кӯдакон дандонҳо дар синни се моҳагӣ ё то расидан ба синни яксолагӣ пайдо мешаванд.

Дар ҳолатҳои хеле кам, кӯдакон бо як ё ду дандон таваллуд мешаванд.

Нигоҳубини дандонҳои ширӣ

Ҳамин ки дандони аввал мебарояд, аз чӯткаи дандоншӯии кӯдаконаи мулоим истифода баред, ки барои кӯдакони то синни дусола тавсия шудааст. Агар эҳсоси чӯткаи дандоншӯӣ дар даҳон дар аввал ба кӯдак маъқул набошад, аз докаи тоза ва об истифода баред.

Пас аз ғизодиҳии аввал ва охирон, дандонҳои кӯдакро бе хамираи дандоншӯӣ на камтар аз ду маротиба дар як рӯз тоза кунед. Дар ин синну сол аз хамираи дандоншӯӣ истифода набаред, агар дандонпизишк онро тавсия надиҳад. Чӣ тавр тоза кардани дандонҳои шириро аз дандонпизишки кӯдакона пурсед.

Пешгирии кариес дар синни барвақтӣ

Дандонҳои ширӣ, ба мисли дандонҳои доимӣ, хатари пайдошавии кариес доранд. Пешгирии кариес аз хурдсолӣ оғоз меёбад ва бояд чанд қоидаҳои оддии эҳтиётро риоя кард.

Кӯдакони аз таваллуд то 6 моҳа бояд танҳо бо шири модар ё ширӣ сунъӣ ғизо дода шаванд.

Кӯдаки худро бо шишача дар даҳон нахобонед. Вақте ки кӯдак бо шишача хоб мекунад, ғизои сунъӣ ё шир дар даҳон ҷамъ мешавад ва метавонад дандонҳоро дар хатари кариес қарор диҳад. Шумо инчунин бояд дар хотир доред, ки агар кӯдаки худро бо шишача хобонед, вай метавонад гулӯгир шавад.

Агар ба кӯдаки Шумо пистонак писанд ояд, онро дар хӯрок ё моеъҳои монанди асал ё шакар тар накунед ва пистонаки кӯдаки худро ба даҳони худ гузошта тоза накунед. Ҳатман пистонакро бо оби тоза шӯед ва стерилизатсия кунед.