Нишастанро ёд мегирем

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Болиштҳо 

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Ҳангоми омода намудани ҷой барои машғулят бо кӯдак, дар хотир доред, ки ҳама чиз бояд бароҳат ва бехатар бошад. Шумо метавонед кӯдакро дар рӯи гилемча, кӯрпаи мулоим ё рӯи кат гузоред.

Кӯдаки худро бо шикамаш дар паҳлӯи болиштҳо гузоред ва барои ҳавасмандкунии тахтапушташро нарм масҳ кунед. Сипас ӯро гардонед ва китфҳояшро нарм масҳ кунед. Баъд уро ба болишт шинонед. Шумо метавонед ба кӯдаки худ пуфак ё ашёи дурахшонро нишон диҳед ё суруд хонед, то диққати ӯро ҷалб кунед. Пас аз як-ду дақиқа ӯро хобонед, то истироҳат кунад ва боз шинонед, вале ин дафъа ба пушташ ду болишт гузоред, то ин ки ӯ ба нишасти росттар одат кунад. Пас аз ин, бигзор кӯдак кӯшиш кунад, ки якчанд сония бе дастгирӣ нишинад - бе болишт дар қафояш ва сипас истироҳат кунад.

Ин машқро ду ё се маротиба такрор кунед.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Бо ин машқ, фарзанди Шумо мушакҳои тахтапуштро мустаҳкам мекунад ва ба ҳолати нишастан одат мекунад. Мақсади машқ ин аст, ки мавқеи нишастан бе кӯмак ва дастгирӣ муддати бештар нигоҳ дошта шавад.