Нишон додани эҳсосот
Ба шумо чӣ лозим мешавад: Ҳеҷ чиз
Машғулият аз чӣ иборат аст: Пеш аз оғози машғулият, ҷойро омода кунед. Шумо метавонед фарзанди худро дар ҷои бароҳат, дар курсӣ ҷойгир кунед ё ки ба зонуҳои худ рӯ ба рӯятон гузоред. Шумо метавонед ин машғулиятро ҳангоми иваз кардани уребча ва ё оббозӣ иҷро кунед.
Машғулиятро тавассути бозӣ бо фарзанди худ оғоз кунед, изҳори эҳсоси шодӣ, оромӣ, ифтихорӣ, хурсандӣ, ҳайрат, муҳаббат, кушодани чашмҳо, даҳон, абрувон, бӯса кардан, навозиш намудан, оғӯш гирифтан ва ғ. Овозҳоро фаъол созед, то ки кӯдакатон онҳоро шинохта тавонад ва меҳрубонӣ зоҳир кунад. Эҳсосоти худро изҳор кунед ва мунтазир бошед, ки кӯдаки Шумо ба онҳо ҷавоб диҳад.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Тавассути ин машғулият Шумо ба кӯдаки навзод таълим медиҳед, ки эҳсосоти дигаронро шиносад ва ба онҳо посух диҳад.