Ноҷуриҳо дар раванди омӯзиш: Дарк кардани аломатҳо ва кӯмак расонидан ба фарзандатон
Ноҷурӣ дар раванди омӯзиш чист?
Ноҷурӣ дар раванди омӯзиш мушкилоти ҷиддӣ ва доимӣ дар як ё якчанд самтҳои омӯзиш - хондан, имло, навиштан ва математика мебошад. Кӯдаки дорои ноҷурӣ дар раванди омӯзиш одатан дар як ё якчанд соҳаҳо оид ба дастовардҳои маълумот, синну сол ва қобилиятҳои дигар қобилияти паст дорад.
Барои фаҳмонидани ноҷуриҳо дар раванди омӯзиш баъзан дигар истилоҳот истифода бурда мешавад: ноҷуриҳои махсуси омӯзиш, душворӣ дар раванди омӯзиш, мушкилоти омӯзиш ва дислексия.
Ноҷуриҳо дар раванди омӯзиш бояд аз ҷониби мутахассисон баҳогузорӣ ва ташхис карда шавад.
Сабаби ноҷуриҳо дар раванди омӯзиш
Сабабҳои дақиқи ноҷуриҳо дар раванди омӯзиш ҳанӯз пурра таҳқиқ карда нашудааст. Маълум аст, ки ин ноҷуриҳо бо душвориҳои коркарди иттилоот дар баъзе қисмҳои мағзи сар ба амал меояд - инро "мушкилоти коркарди иттилоот бо сабабҳои асабӣ" меноманд.
Ба "мушкилоти коркарди иттилоот" ҳолатҳоеро мансуб медонанд, ки кӯдак дар фаҳмидани овозҳои калимаҳо душворӣ мекашад ё барояш дар хотир доштани унсурҳои ба ҳам алоқаманд, аз ҷумла пайдарпаии рақамҳо ё ҳарфҳо душвор аст.
Сабабҳои ноҷурӣ дар раванди омӯзиш бо генҳои муайян алоқаманданд ва ин гуна ноҷуриҳо метавонанд меросӣ бошанд. Агар аъзоёни дигари оилаи Шумо дар хондан ё навиштан мушкилӣ дошта бошанд ё бо дар онҳо ноҷуриҳо дар раванди омӯзиш ташхисгузорӣ карда шуда бошанд, пас эҳтимол дорад, ки дар насли ояндаи кӯдакон низ ноҷуриҳо дар раванди омӯзиш дида шавад.
Аломатҳои ноҷуриҳои омӯзишӣ
Агар Шумо фикр кунед, ки фарзандатон эҳтимол гирифтори ноҷуриҳои омӯзиш аст ба аломатҳои маъмули зерин диққати махсус диҳед. Вуҷуд доштани як ё якчанд аз ин нишонаҳо маънои онро надорад, ки фарзанди шумо бешубҳа дорои ноҷуриҳои омӯзишӣ мебошад. Аммо агар Шумо дар ин маврид низ дар ташвиш бошед, бо муаллими фарзандатон сӯҳбат кунед ё бо табиби кӯдаконаи худ машварат кунед.
Дар ҳолати ноҷуриҳои раванди омӯзиш, фарзанди Шумо эҳтимол:
- хонданро дӯст намедорад ва/ё хондан душвор аст;
- дуруст навиштани калимаҳои оддӣ душвор аст;
- дар калимаҳо фарқ кардани овозҳо ва хичоҳо душворӣ мекашад;
- ба Шумо бисёр чизҳои шавқовар нақл карданро дӯст медорад, вале оҳиста ва бо душворӣ менависад;
- ҳусни хати безебашро ислоҳ карда наметавонад;
- иҷрои вазифаи хонагӣ барояш осон нест.
Ташхиси маъюбӣ дар омӯзиш: Қадамҳо барои чораандешӣ
Бо муаллими фарзандатон сӯҳбат кунед
Агар Шумо хавотир бошед, ки фарзандатон дар мактаб мушкилӣ дорад ва эҳтимол ин ноҷурии омӯзиш бошад, бо муаллими фарзандатон сӯҳбат кунед.
Пурсед, ки оё фарзанди Шумо хондан, навиштан ва ҳисоб карданро мувофиқи интизориҳо азхуд мекунад. Инчунин мумкин аст, ки бо муаллим дар бораи таассуроти ӯ дар бораи худбаҳодиҳии фарзанди Шумо ва муваффақиятҳои ӯ дар мактаб сӯҳбат кунед.
Муаллим метавонад фарзанди Шуморо санҷида натиҷаҳои бадастомадаро бо Шумо муҳокима кунад. Ин метавонад ба Шумо кӯмак расонад, то дарк намоед, ки оё ягон қонуният дар бораи зуҳуроти масъала вуҷуд дорад.
Хоҳиш намоед арзёбӣ гузаронида шавад
Агар Шумо то ҳол дар ташвиш бошед, аз кормандони мактаб хоҳиш кунед, ки аз амалиёти расмии арзёбӣ гузаронида шавад.
Дар ин марҳила Шумо метавонед мутахассиси инкишофи нутқ (логопед) ё равоншиносро ҷалб кунед. Онҳо барои фаҳмидани ҳамаи сабабҳои имконпазир кӯмак хоҳанд кард. Агар ба Шумо лозим ояд, ки муддати тӯлонӣ интизор шавед ва ё дар мактаби Шумо чунин арзёбӣ гузаронида нашавад, пас метавонед ба мутахассисони хусусӣ муроҷиат кунед, аммо ин хизматрасонӣ пулакӣ мебошад.
Барои тафтиш намудани биниш ва шунавоии кӯдакатон ба педиатр/табиби оилавӣ муроҷиат кунед. Ҳамин тавр, Шумо метавонед масъалаҳои дар ин самт вуҷуддоштае, ки боиси азият кашидани фарзандатон мегардад, инкор намоед.
Ба фарзандатон дар бораи ноҷуриҳои омӯзишӣ нақл кунед
Масалан, кӯдакони дорои ноҷуриҳои омӯзиш наметавонанд мисли ҳамсолони худ ба осонӣ хонда тавонанд. Ин метавонад онҳоро водор кунад, ки худро "беақл" ё "нодон" ҳисоб кунанд.
Агар ба фарзандатон бигӯед, ки онҳо дорои ноҷуриҳои омӯзиш мебошанд, ин метавонад дар бартараф кардани чунин тарзи фикрронӣ кӯмак кунад. Шумо метавонед ба фарзандатон бигӯед, ки ноҷуриҳои омӯзиш маънои онро доранд, ки мағзи сари онҳо иттилоотро ба таври дигар коркард мекунад, аммо ин маънои онро надорад, ки онҳо мисли кӯдакони дигар доно нестанд.
Равоншинос ё логопед метавонад ба Шумо оиди чӣ тавр барои ба кӯдак фаҳмо ба ӯ дар бораи ноҷуриҳои омӯзишӣ фаҳмондан кӯмак расонад.
Шумо инчунин метавонед баъзе ҷиҳатҳои мусбатеро қайд кунед - фарзанди Шумо дар ҳаёт ва мактаб, новобаста аз ҷой доштани ноҷуриҳои омӯзиш, дар баъзе самтҳо муваффақ аст. Бояд қайд кард, ки бештари одамони воқеан муваффақ бо ноҷуриҳои омӯзишӣ зиндагӣ мекунанд.
Ба фарзандатон кӯмак кунед, то ки мушкилотро бартараф карда худбаҳодиҳиро дар худ такмил диҳад
Кӯдакони дорои ноҷуриҳои омӯзишӣ метавонанд аз худбаҳодиҳии паст азият кашанд. Агар ноҷуриҳои омӯзишӣ дар синни бармаҳал ҳал карда нашаванд, ин инчунин хавфи тарк намудании мактабро баланд мекунад.
Ин маънои онро дорад, ки барвақт муайян кардани ноҷуриҳо дар раванди омӯзиш муҳим аст ва ба кӯдаки Шумо дар ташаккули малакаҳои мубориза бо он кӯмак мекунад. Чунин маҳорат – қобилияти баромадан аз душвориҳову нокомиҳо – як маҳорати муҳими ҳаётӣ барои ҳамаи кӯдакон, бахусус кӯдакони дорои ноҷуриҳои омӯзишӣ мебошад.
Маслиҳатҳои зерин метавонанд кӯмак расонанд, ки ба фарзандатон мубориза намудан бо душвориҳо ва муносибати муқаррарӣ доштан ба қобилияту хислатҳоро омӯзонед.
Барои фарзанди худ намунаи ибрат бошед
Агар Шумо амалҳои мусбат дошта бошед, боварӣ дошта бошед ва бо душвориҳо мубориза бурда тавонед, пас Шумо метавонед барои фарзандатон намунаи ибрат бошед. Масалан, агар кулчақанди Шумо хуб тайёр нашавад, Шумо метавонед бигӯед: «Ин муҳим нест. Дафъаи дигар ман ретсепти дигарро истифода хоҳам кард". Ё агар Шуморо дар ҷои кор танқид кунанд, Шумо метавонед бигӯед: "Инро шунидан барои ман форам нест, аммо ин барои ман дарс мешавад".
Таъриф ва ҳавасмандкунӣ
- Ҳамеша кӯдаки худро ҳангоми кӯшиш кардан нисбат ба ягон кор таъриф кунед.
- Дар мавриди хуб иҷро кардани ягон амали берун аз таълимӣ қобилиятҳо ва комёбиҳои фарзанди худро қайд кунед. Ин метавонад варзиш, мусиқӣ, театр ё танҳо хислатҳои муҳим - меҳрубонӣ ва дӯстӣ - ё малакаҳо бошад - шояд ӯ дар пухтупаз беҳамто бошад.
- Ба фарзандатон кӯмак кунед, ки ҷиҳатҳои мусбати ҳаёташро бубинад ва бифаҳмад, ки мушкилот дар омӯзиш - танҳо як қисми хурди шахсияти ӯ мебошанд.
- Кӯдаки худро ташвиқ кунед, то бифаҳмад, ки чӣ дар бартараф кардани мушкилот барои ӯ кӯмак мекунад - масалан, шояд дастурҳо ва диаграммаҳои хаттӣ ё дастурҳои шифоҳиро ӯ афзалтар медонад?
- Барои бо фарзандатон будан ва гӯш кардани ӯ вақт ҷудо карда якҷоя вақтхушӣ кунед. Ин ба ӯ кӯмак мекунад, то ӯ дарк кунад, ки вай шахсияти хос буда, барои ҳамин Шумо ӯро қадр мекунед ва мехоҳед бо ӯ вақт гузаронед.
- Кӯдаки худро барои кӯшиш иҷро кардани ягон чизи нав ташвиқ кунед. Фаҳмидани он ки ӯ чиро агар машқ кунад ва даст накашад омӯхта метавонад, ба фарзанди Шумо кӯмак мекунад, ки ҳангоми пеш омадани мушкилот боз наистад.
Уҳдадориҳо ва интизориҳо
- Ба фарзандатон корҳои хонагиро мувофиқи имкон фармуда имконият диҳед, ки мустақилона фикрашро баён намояд ва инчунин дар интихоб намудан мустақил бошад. Ҳисси масъулият воқеан барои баланд бардоштани эътимод нисбат ба худ мусоидат мекунад.
- Кӯдаки худро дастгирӣ кунед, аммо ӯро аз ҳад зиёд сарпарастӣ накунед. Ба ӯ нишон диҳед, ки Шумо интизори аз ҷониби ӯ иҷро намудани як қатор вазифаҳо, аз ҷумла вазифаи хонагӣ, новобаста аз он ки ин барои ӯ осон нест, ҳастед ва бинобар ҳамин ҳам бояд ӯ боғайрат ва масъулиятшинос бошад.
- Ба фарзандатон имконият диҳед, ки чизҳои нав, аз ҷумла пухтупаз, шоҳмотбозӣ ё аксбардориро санҷад. Агар Шумо ҳамаи ин амалҳоро дар якҷоягӣ бо фарзандатон анҷом диҳед, ин ба ӯ боварӣ мебахшад, ки ӯ муваффақ шуда аз омӯхтани малакаҳои нав ҳаловат барад.
Кӯмаки иловагӣ дар мавриди ноҷуриҳои раванди омӯзиш
Барои он ки кӯдаки Шумо имкониятҳои омӯзишии худро ба ҳадди максималӣ расонад, ба ӯ кӯмаки иловагӣ ва дастгирӣ зарур аст. Агар мутахассисони соҳаи тиб ба кӯдаки Шумо кӯмаки иловагиро тавсия диҳанд, ҳама ҳуҷҷатҳои заруриро аз онҳо гиред, то Шумо тавонед, ки барои фарзанди худ, масалан, вақти иловагӣ барои имтиҳон, омӯзиши хондан дар назди мутахассис ё барномаи махсуси компютериро дархост кунед.
Барои кӯдакони дорои ноҷуриҳои раванди омӯзиш намудҳои зиёди кӯмакҳои беруназмактабӣ мавҷуданд, масалан, Шумо метавонед аз хизмати мураббиёни иловагӣ (репетитор) истифода баред. Кӯмаки Шумо танҳо вақте самараноктар будан метавонад, ки он ба эҳтиёҷоти инфиродии фарзандатон мутобиқ карда шавад. Бо муаллими фарзанди худ ё дигар мутахассисоне, ки бо ӯ сарукор доранд, сӯҳбат карда бифаҳмед, ки барои фарзанди Шумо ва оилаи Шумо чӣ мувофиқтар аст.
Эҳтимол, ба Шумо пеш аз қабул кардани қарор доир ба чӣ мувофиқтар будан ба фарзанди Шумо ва оилаи Шумо, бароятон лозим меояд, ки якчанд равишҳои гуногунро санҷед. Он ҳамчунин ба ӯ таълим медиҳад, ки устувор бошад ва таслим нашавад.