Чен кардани ҳарорати бадани кӯдак
Ҳарорати миёнаи бадани кӯдакон тақрибан 37 ° C аст. Агар ҳарорати кӯдаки шумо аз 38 ° C зиёд бошад, эҳтимол вай табларза дорад.
Намудҳои ҳароратсанҷ
Усули беҳтарини чен кардани ҳарорати бадани кӯдак ин истифодабарии ҳароратсанҷ аст. Усули ба пешонии кӯдак гузоштани даст бо мақсади чен кардани ҳарорати бадан усули боэътимоди ташхиси табларза нест.
Аксарияти ҳароратсанҷҳои муосир рақамӣ мебошанд.
Ҳароратсанҷҳои рақамии тамосӣ
Ҳароратсанҷҳои рақамии тамосиро барои чен кардани ҳарорати бадани кӯдак Шумо метавонед бо се роҳи асосӣ истифода баред:
- Усули даҳонӣ (ба зери забон): ин усулро барои кўдакони аз 4 сола боло истифода бурдан мумкин аст.
- Усули зерибағалӣ (дар зери бағали кӯдак): ин усулро барои кӯдакони аз синни 3 моҳа то 4 сола истифода бурдан мумкин аст. Ин усул нисбат ба усулҳои даҳонӣ ё ректалӣ дақиқияти камтар дорад.
- Усули ректалӣ: баъзе мутахассисон истифодаи ин усулро тавсия намедиҳанд, зеро хатаре вуҷуд дорад, ки нӯги ҳароратсанҷ метавонад ба пардаи луобии рӯдаи рости кӯдак осеб расонад. Бо вуҷуди ин, ин усул нисбатан дақиқтар аст ва бисёр мутахассисон усули мазкурро барои кӯдакони навзоду то 3 моҳа усули беҳтарин меҳисобанд ва инчунин барои кӯдакони аз 3 моҳа то 4 сола низ тавсия дода мешавад.
Ҳароратсанҷро бо оби гарму собун ё матоъи тар тоза кардан мумкин аст.
Ҳароратсанҷҳои рақамии гӯшӣ
Ҳароратсанҷҳои гӯшӣ барои истифодабарӣ зуд ва осон мебошанд, аммо онҳо метавонанд нишондодҳои ғалат нишон диҳанд.
Ҳароратсанҷҳои рақамии ғайритамосӣ барои чен кардани ҳарорати пешонӣ ё шараёни чакка
Ин намуди аз ҳама оддитарини санҷидани ҳарорат мебошад. Онҳоро ҳатто ҳангоми хоб будани кӯдак истифода бурдан мумкин аст, аммо нишондоди онҳо метавонад нодуруст бошад.
Дигар намудҳои ҳароратсанҷ
Ҳароратсанҷҳои рақамӣ-пистонак, тестҳои санҷишии ҳароратӣ ва барномаҳои смартфон тавсия дода намешаванд, зеро онҳо на он қадар дақиқ ҳастанд.
Дар вақти истифодабарии ҳароратсанҷҳои симобӣ бояд ниҳоят боэҳтиёт буд, зеро ҳангоми шикастан он метавонад ба кӯдак осеб расонад ё симоб кӯдакро заҳролуд кунад. Истифодабарии онҳо низ тавсия дода намешавад.
Чен кардани ҳарорати бадани кӯдак
Новобаста аз он, ки ҳароратсанҷи Шумо чӣ гуна аст, пеш аз истифода бурдан, дастурамали истифодабарии онро бодиққат хондан муҳим мебошад.
Инак, якчанд маслиҳате, ки ба Шумо дар дақиқ чен кардани ҳарорати бадан кӯмак мерасонанд.
Ченкунии даҳонии ҳарорати бадан
Ба таври даҳонӣ чен кардани ҳарорати бадан бояд бо ёрии ҳароратсанҷи тамосӣ гузаронида шавад:
- Пас аз оне, ки кӯдаки Шумо нӯшокии хунук ё гарм нӯшид, зарур аст, ки панҷ дақиқа интизор шавед.
- Ҳароратсанҷро аз як тараф ба зери забони кӯдак гузоред.
- Аз кӯдак хоҳиш кунед, ки на бо дандонҳо, балки бо лабҳо ҳароратсанҷро дорад ва ба ӯ гӯед, ки бо биниаш нафас кашад.
- То вақти садо баровардани ҳароратсанҷ интизор шавед ва баъдан дар экрани рақамии ҳароратсанҷ нишондоди ҳароратро бинед.
Барои баҳо додан ба ҳарорати ҳақиқии бадани кӯдак ба нишондоди ҳароратсанҷи даҳонӣ 0,5°C илова намоед.
Ба таври даҳонӣ чен кардани ҳарорат ба кӯдакони синнашон аз 4 сола боло мумкин аст. Ба кӯдакони синнашон аз 4 сола поён чен кардани ҳарорати бадан ба таври даҳонӣ душвор аст, зеро онҳо на ҳамеша Шуморо гӯш мекунанд.
Чен кардани ҳарорати бадан дар зери бағал
Дар зери бағал чен кардани ҳарорати бадан бояд бо ёрии ҳароратсанҷи тамосӣ гузаронида шавад:
- Ҳароратсанҷро дар минтақаи зери бағали кӯдак ҷойгир намоед.
- Дасти кӯдакро тавре ба болои ҳароратсанҷ гузоред, ки оринҷи ӯ ба баданаш расад.
- То вақти садо баровардани ҳароратсанҷ интизор шавед ва баъдан дар экрани рақамии ҳароратсанҷ нишондоди ҳароратро бинед.
Чен кардани ҳарорати бадани кӯдаки Шумо дар минтақаи зери бағал одатан усули хеле оддӣ, махсусан барои кӯдакони синни хурд мебошад. Мутаассифона ин низ нисбат ба усули чен кардани ҳарорати бадан бо усули даҳонӣ дақиқияти камтар дорад.
Барои баҳодиҳӣ ба ҳарорати ҳақиқии бадани кӯдак, бояд ба нишондоди ҳарорати бадан дар зери бағал 1°C илова карда шавад.
Ченкунии ҳарорати бадан ба таври ректалӣ (мақъад, рӯдаи рост): Дар мавриди ба таври ректалӣ чен кардани ҳарорати бадан ба нӯги ҳароратсанҷ вазелин молед. Кӯдакро ба тахтапушт хобонида пойҳояшро каме бардоред ва ҳароратсанҷи вазелинолударо тақрибан 1,3–2,5 см ба рӯдаи рост ворид намоед. Инчунин, Шумо метавонед кӯдакро бо шикам дар болои зонуи худ гузошта барои нигоҳ доштани ӯ дар як мавқеъ дастатонро ба тахтапушташ гузоред. Ҳеҷ гоҳ кушиши бо зӯрӣ ворид кардани ҳароратсанҷи ректалиро анҷом надиҳед. То вақти садо баровардан оид ба тамом шудани вақти ченкунии ҳарорат ҳароратсанҷро нигоҳ доред. Баъдан ҳароратсанҷро бароварда нишондоди онро аз назар гузаронед.
Дар кадом маврид кӯдакро дар ҳолати ҷой доштани табларза ва баланд будани ҳарорати бадан ба табиби оилавӣ/педиатр нишон додан зарур аст?
Кӯдакони синнашон хурдтар аз 3 моҳа хурдро, ки дорои ҳароратбаландӣ ҳастанд, бояд дарҳол ба шӯъбаи ёрии таъҷилӣ дастрас карда шаванд. Зеро муайян кардани он, ки дар кӯдакони мазкур ягон бемории ҷиддӣ ҷой дорад, душвор мебошад.
Дар кӯдакони аз синни 3 то 12 моҳа ҳароратбаландӣ метавонад нишонаи бемории нисбатан ҷиддӣ бошад ва бинобар ҳамин ҳам барои машварат, беҳтараш худи ҳамон рӯз ба табиби кӯдакона муроҷиат намоед.
Агар дар кӯдаки Шумо ҳароратбаландиву дигар нишонаҳои ҷиддии беморӣ, аз ҷумла дарди сахт, хоболудӣ, сафедчатобӣ ё кабудшавии пӯсту лабҳо, беобшавӣ, душворшавии нафаскашӣ, шах шудани мушакҳои гардан, қайкунии доимӣ ва гарангӣ ҷой дошта бошад ва кӯдаки Шумо аз 12 моҳа калон бошад, зарур аст, ки ба шӯъбаи ёрии таъҷилии беморхона муроҷиат намоед ё дарҳол ёрии таъҷилиро даъват кунед (бо телефони 103).
Ҳамеша ҳангоми расонидани ёрии аввал (дар ҳолати баланд шудани ҳарорати бадан дар кӯдак) пеш аз ҳама усулҳои физикии хунуккуниро истифода бурдан лозим аст. Баъзан танҳо кашидани либоси кӯдак, додани моеъи зиёд ё молиши бадани кӯдак бо маҳлули нимспиртӣ, ё бо докаи сарди тар печонидани сари кӯдак дар муддати 15-20 дақиқа, ҳарорати бадани кӯдакро паст мекунад.
Агар ҳарорати бадани кӯдаки Шумо дар давоми 48 соат паст нашавад, пас ба табиби оилавӣ/педиатр муроҷиат намоед.
Зуд-зуд чен кардани ҳарорати бадан, масалан баъди ҳар 3-4 соат мумкин аст. Назорат кардани кӯдак барои сари вақт муайян намудани мавҷудияти нишонаҳои бемории ҷиддӣ аз ҳама муҳим мебошад.