Дермотити себорикӣ
Сабабҳои дермотити себорикӣ
Дермотити себорикӣ дар он ҳолат пайдо мешавад, агар дар пўсти бадани кўдаки шумо аз ҳад зиёд равған ҷудо гардад (равғани пўст). Дар пўсти сар равғани иловагӣ барои шахшавии пўст табиатан монеагӣ мекунад ва ҷамъ шавии пўсти мурдаро дар пўсти сар меофарад. Эҳтимолан, пўсти кўдаки шумо равғани зиёдатиро ҷудо мекунад, барои он, ки гормонҳои модар ҳанўз ҳам пас аз таваллуд дар хуни ў гардиш мекунанд.
Дермотити себорикӣ инчунин дар он ҳолат пайдо мешавад, агар системаи масъунияти кўдаки шумо ба мавҷудияти замбўруғи муқаррарӣ дар пўсти сар аз ҳад зиёд вокуниш кунад.
Карахши себорикӣ (корочка) сирояткунанда нест, карахшӣ хатар надорад ва ё ҷиддӣ мебошад.
Гарчанде, карахши мўйи сар метавонад боиси омехта шудани мўйи сар гардад, вале ў дар кўдаки шумо боиси бе мўй шудан ё талафи дарозмуддати мўй намегардад.
Нишонаҳои карахши себорикӣ
Карахши себорикӣ одатан ҳамчун сабусаки мўйи сар рангаш зарди паст ва ё ў дар пушти қафаси сина ё болои мўйи сари кўдаки шумо ба назар мерасад. Баъзан сабусаки мўйи сар метавонад дар болои абрў ва паси гуши кўдак паҳн гардад. Дар баъзе навзодон ў ҳатто дар бадан низ дида мешаванд.
Сабусак ё карахши мўйи сар метавонанд таркиби равғанинро дошта бошанд. Онро гирифтан мушкил аст.
Карахши мўйи сар кўдаки шуморо ташвиш намедиҳад.
Дар кадом ҳолат нисбати карахши себорикӣ ба табиб муроҷиат намудан лозим аст?
Кўдакро назди табиб дар он ҳолат баред, агар:
- доғи сурх, ё фарзанди шумо онро мехарошад;
- ба назар чунин мерасад, ки доғи сурх паҳн мегардад;
- ба назар мерасад, ки кўдаки шумо аз ин хашмгин мегардад;
- шумо шубҳа мекунед, ки ин карахши мўйи сар аст.
Табобати карахши себорикӣ
Табобати карахши себорикӣ лозим нест. Одатан ў дар давоми як чанд моҳ пас аз таваллуд худ аз худ мегузарад, чун ки гормонҳои модар ҷараёни хуни кўдаки шуморо тарк мекунанд.
Агар шумо хоҳед, ки аз карахши мўйи сар халос шавед, онро бо равғани кўдакона ва ё вазелин пеш аз оббозӣ намудани кўдак мунтазам маҳс кунед. Барои шустани он шампуни сабуки кўдаконаро истифода баред.
Бо гузашти вақт карахши мўйи сар мулоим мешаванд, агар онро бо чубчаи пахтадошта ва ё чуткаи дандоншуяк тоза кунед, онҳо ба осонӣ ҷудо мешаванд,.
Ба карахши мўйи сар қувва истифода набаред, зеро ин дар пўсти кўдаки шумо боиси хунравӣ мегардад.
Агар карахши мўйи сар илтиҳоб гардад, табиб метавонад омезиши кортикостероидҳои мулоим ва кремҳои зидди замбўруғ таъин намояд. Барои кўдак кремро аз рўи дастури он истифода баред.
Ба навзодон шампуни зидди карахши муйи сар бе дорухат навиштан хеле кам лозим мегардад. Ин метавонад осеби пўст ва осеби чашми кўдаки шуморо ба вуҷуд орад, аз ин лиҳоз, агар шумо онро истифода баред, ба шумо лозим аст, ки шампунро бо об омехта кунед.
Хавотир нашавед, агар пас аз табобат карахши мўйи сар аз нав пайдо шавад. Ин онро шаҳодат медиҳад, ки ғадудҳои кўдаки шумо то ҳол равғани зиёдатиро истеҳсол менамоянд. Карахши себорикӣ бояд то синни 6-12 моҳагӣ тоза шавад.