Аллергия дар кӯдакон
Аллергия чӣ тавр пайдо мешавад
Аллергия ҳангоме пайдо мешавад, ки кӯдаки шумо ба ягон чизи дар муҳити атроф буда вокуниш нишон медиҳад. Он чизе, ки вокунишро ба амал, аллерген номида мешавад. Ин метавонад чизе ба монанди ғизо, канаи чанг ё гарди гул бошад.
Аллергенҳо системаи имунитети кӯдаки шуморо водор месозанд, ки антителаҳои махсус истеҳсол кунад (антитела ИГЭ), ки худ боиси дар организми ӯ гистамин ва дигар моддаҳо истеҳсол шудан мегарданд. Ин пайдо шудани аломатҳои аллергияро ба вуҷуд меорад.
Вокунишҳои аллергияи сабук, мӯътадил ва ҳатто вазнин ба назар мерасанд, лекин ҳолатҳои фавт аз ин вокуниш хеле кам рух медиҳад. Фавт дар ҳолате рух медиҳад, агар ба одаме, ки вокуниши аллергӣ дорад, гузаронидани дорувории ҳаётан муҳим ба таъхир гузошта шуда бошад.
Кӯдаконе, ки аъзои оилаашон гирифтори аллергия ё мушкилот ба монанди астма, экзема ва табларзаи хасбеда (сенная лихорадка) доранд, инчунин дар хавфи зиёди инкишофи аллергия ҳастанд.
Вокуниши аллергӣ: чи қадар тез онҳо ба вуҷуд меоянд?
Вокуниши аллергии фаврӣ одатан дар давоми якчанд дақиқа ё ин ки 1-2 соат пас аз он ки кӯдаки шумо бо маводе, ки ба он аллергия дорад дар тамос мешавад ё мехӯрад, рух медиҳад.
Вокуниши аллергии таъхирпазир одатан пас аз якчанд соат баъди сироят пайдо мешавад. Ин ҳолат метавонад ҳатто баъд аз чанд рӯзе, ки фарзанди шумо бо маводе, ки ба он аллергия дорад дар тамос шуд, рух диҳад.
Вокуниши аллергии cабук ва ё мӯътадил: аломатҳо
Агар кӯдаки шумо вокуниши аллергии сабук ё миёна дошта бошад, нишонаҳои он аломатҳои зеринро дар бар гирифта метавонад:
- дамидани доначаҳо, испарма (крапивница) ё изи захм;
- варами рӯй, чашм ё лабон;
- сих задан ё хориш дар даҳон;
- экзема, табларзаи хасбеда (сенная лихорадка) ё астма – ин нишонаҳо метавонанд бадтар аз ҳарвақта бошанд;
- дарунравӣ, дарди шикам ё қайкунӣ.
Ба маълумоти зерин аҳамият диҳед: агар кӯдаки шумо пас аз газидани ҳашарот дарунравӣ, дарди шикам ва ё қай кунад, ин маънои онро дорад, ки ӯ вокуниши аллергии вазнин дорад.
Вокуниши аллергии вазнин ё ин ки анафилаксия: аломатҳо
Вокуниши аллергии вазнинро анафилаксия меноманд. Метавонад як ва ё якчанд аломатҳои зеринро дар бар гиранд:
- нафаскашии вазнин ва ё бо овоз;
- варами забон ва ё тангшавии гулӯ;
- мушкилот дар вақти гап задан ва ё овози хирросӣ;
- хиррос ва ё сулфаи доимӣ;
- чархзадани сар ва ё беҳуш шудан;
- рангпаридан ва ё бемадорӣ (дар кӯдакони хурдсол);
- дарунравӣ, дарди шикам ва ё қайкунӣ пас аз газидани ҳашарот.
Анафилаксия – ин вокуниши аллергии ба ҳаёт таҳдидкунандаест, ки ёрии фаврии тиббиро талаб менамояд. Агар кӯдаки шумо вокуниши анафилактикӣ шавад, ӯро ба рӯи кат хобонед. Роҳ гаштан ва рост истоданро манъ кунед. Пас аз он автоинъектори адреналинро, ба монанди EpiPen®, агар дастрас бошад, истифода баред. Баъдан ёрии таъҷилиро даъват кунед.
Санҷиши аллергия
Тестҳои оддӣ барои муайянкунии сабабҳои мушаххаси аллергия дар бар мегиранд:
- Воридкунӣ ба пӯст: пусти кӯдаки шумо тавассути таҷҳизоти махсус, ки ба мисвок (зубочистка) монандӣ дорад, ва қатраи аллергени мушаххас дорад, сӯрох карда мешавад. Агар дар ҷои сӯрохшудаи пӯст сурхӣ ва ё варам пайдо шавад, эҳтимолан фарзанди шумо аллергия дорад.
- Таҳлили хун: кӯшиш кунед, фаҳмед, оё хуни кӯдаки шумо антителоҳои махсуси IgE дорад, ки бар зидди аллергени мушаххас равона карда шудаанд (ба монанди гарди гул, канаи чанг ва ғ.). Агар дар хуни кӯдаки шумо антитело бисёр бошад, эҳтимолан ӯ аллергия дорад. Кӯдаки шумо метавонад тести мазкурро гузарад, агар тесткунонии тавассути вориди пӯстӣ гузашта натавонад.
Шумо мумкин оид ба тестҳо ба монанди тестикунонии антителои ғизогии IgG, тестикунонии Vega ва таҳлили мӯй шунида бошед. Ин тестҳо ҳамчун тесткунонии аллергия илман тасдиқ нашудаанд.
Тесткунонии аллергия
Муайян намудан зарур аст, ки дар кўдаки шумо вокуниши аллергиро чи ба вуҷуд меорад.
Аксарияти кўдакони дорои аллергия (одатан ба тухм, шири гов, гандум ё лўбиё ва равған) дар синни 5-10 солагиашон аз ҳолати аллергия мебароянд.
Аллергия ба нахуд, чормағз ва моҳӣ одатан тамоми ҳаёт боқӣ мемонад.
Табобати вокуниши аллергии сабук ва ё дараҷаи миёна
Барои кӯдакатон додани вояи антигистамин (дар шакли ҳаб ё маҳлул) мақсаднок аст, дар ҳолате, ки агар дар кӯдак вокуниши аллергии сабук ё мӯътадил дида шавад, аз ҷумла дамидани доначаҳо дар пӯст, сих задан дар даҳон ва ё варам мушоҳида карда шавад.
Дарвоқеъ, дар сумка ё қуттии доруворӣ доштани маҳлули антигистаминӣ як фикри хуб буда дар ҳолати лозим муфид аст.
Усулҳои дигари табобати аллергия
Вобаста ба намуди вокуниши аллергӣ ба кӯдакатон дигар намудҳои табобат низ метавонад лозим ояд. Масалан:
- Дар баъзе ҳолатҳо духтур метавонад барои табобати вокуниши аллергӣ кортикостероидҳо таъин намояд.
- Агар кӯдаки шумо шукуфа (экзема) дошта бошад, барои ӯ малҳами кортикостероидӣ лозим меояд.
- Агар кӯдаки шумо табларзаи хасбеда (сенная лихорадка) дошта бошад, барои ӯ маҳлул барои пошидан (спрей) ба бинӣ бо кортикостероид лозим аст.
- Агар кӯдаки шумо астма дошта бошад, барои ӯ ингалятор, барои мисол вентолин (сальбутамол) ва ё бриалин (тербуталин) лозим аст.
Ба кӯдаконе, ки аллергияи доимӣ ва ташвишовар аз газидани ҳашарот, канаи чанги хона ва гарди растанӣ доранд, иммунотерапия барои коҳиш додани нишонаҳо таъин карда мешавад.
Табобати анафилаксия
Барои кӯдаконе, ки хатари баланди анафилаксия доранд бештар автоинъекторҳои адреналин - масалан EpiPen® таъин мекунанд.
Агар ба кӯдаки шумо автоинъектори адреналин таъин шуда бошад, муҳим аст, то ки шумо ва кӯдакатон чӣ тавр ва кай истифода бурдани онро донед. Автоинъектори адреналини кӯдаки шумо бояд ҳамеша дастрас бошад. Шумо ҳамчунин метавонед ба дигарон низ чи тавр истифода бурдани онро ёд диҳед – оила, дӯстон, муаллимон ва ё парасторон ва ғ.
Ҳамчунин фикри хубаст, агар фарзанди шумо дастпонаи тиббӣ дошта бошад, то ки барои дигарон оид ба аллергияи хоси худ маълумот диҳад.