Cулфа

Бисёре аз кӯдакон сулфа мекунанд. Сулфа метавонад кӯдаки шумо ва шуморо ташвиш диҳад! Аммо дар аксари мавридҳо сулфа табобати махсусро талаб намекунад.
Body

Сабабҳои сулфа

Сабабҳои бисёри сулфа дар кӯдакон вуҷуд доранд, аз он ҷумла:

  • Сироятҳои вирусӣ ба монанди шамолхӯрӣ ва зуком 
  • Сироятҳои бактериалии роҳҳои нафаскашӣ, лекин онҳо кам вомехӯранд
  • Ангеза ба монанди ҳавои сард, дуд, ифлосшавӣ, ба роҳи нафас даромадани ҷисми бегона
  • Аллергия ва астма (зиққи нафас)
  • Сабабҳои равонӣ – барои мисол, одати сулфа кардан.

Бешубҳа, сабаби бештари сулфа ин сирояти вирусӣ мебошад, сулфа одатан ҳангоми шамолхӯрӣ ба вуҷуд меояд. 

Сабаби дигари маъмултарини сулфа астма мебошад.

Сабабҳои дигари сулфа нисбатан кам дида мешаванд.

Аломатҳои сулфа

Сулфаи кӯдаки шумо ва дигар аломатҳо аз сабабҳои сулфа вобастагӣ доранд.

Сулфае, ки пас аз шамолкашӣ пайдо мешавад, одатан сабук ва баъзан бо ҷудошавии луоб ба назар мерасад. Шабона бошад, аксар вақт бадтар мешавад. Сабаб дар он аст, ки дар вақти хобидан, луоб аз бинӣ ва даҳони кӯдак ба нойи нафас (трахея) меравад.

Сулфа ҳангоми астма одатан шабона ва пас аз машқҳои ҷисмонӣ зиёдтар мешавад. Ҳамчунин дар кӯдаки шумо метавонад хиррос  ва  мушкилӣ дар нафаскашӣ ба монанди нафастангӣ дида шавад.

Сулфаи хирросӣ ва аккосзанон маънои онро дорад, ки кӯдаки шумо  хурусак (круп) дорад.

Агар кӯдаки шумо пас аз хурӯҷи нафастангӣ ногаҳон сулфа кунад ва ҳамчунин хиррос кашад, эҳтимолан ба роҳи нафаси ӯ ягон ҷисми бегона даромадааст.

Агар кӯдаки шумо дар давоми ҳафтаҳои зиёд  ҳангоми нафаскашӣ хурӯҷи сулфа дошта бошад,  ки бо сурх шудани рӯй, дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ ҳамроҳӣ мешавад, метавонад сулфаи кабутак (коклюш) бошад.

Дар кӯдаки калонтар ва ё кӯдаки наврас сулфа метавонад ҳамчун одат бошад. Одатан ин сулфа ҳамчун сулфаи “ишоратӣ” буда, ҳангоми хоб кардан ба вуҷуд намеояд.

Дар кадом ҳолат ҳангоми  сулфа бояд ба духтур муроҷиат кард

Агар кӯдаки шумо як ва ё якчанд аломатҳои зеринро дошта бошад, бояд ба духтур  муроҷиат кард:

  • Сулфа дар давоми ду ҳафта давом дорад ҳангоми шамолхурӣ ва ё бе он.
  • Сулфа  ногаҳонӣ пайдо мешавад.
  • Сулфа ба кӯдакатон ҳангоми хоб кардан ва дар ҳаёти ҳаррӯза халал мерасонад.
  • Кӯдаки шумо дар нафаскашӣ мушкилӣ мекашад.
  • Кӯдаки шумо ҳарорати баланд дорад.
  • Пӯсти кӯдаки шумо ранги худро иваз мекунад, кабуд ё ки сафед мешавад.

Бештари вақт, агар кӯдаки шумо ба истиснои сулфа,  солим бошад ба духтур муроҷиат кардан лозим намеояд.

Санҷиши сулфа

Ба бештари кӯдаконе, ки сулфа доранд, ягон таҳлилҳо лозим нест.

Духтур одатан бо назардошти омӯхтани таърихи беморӣ ва муоинаи фарзанди шумо метавонад  сабаби сулфаро муайян кунад.

Баъзан вақт духтур метавонад рентгени қафаси сина ё таҳлили хунро таъин намояд.

Табобати сулфа

Дар бештари ҳолатҳо сулфа табобати махсусро талаб намекунад. 

Ба бештари кӯдакон антибиотикҳо ҳангоми сулфа лозим нест. 

Агар сулфаи фарзанди шумо аз сабаби астма рух диҳад, онро бо доруҳои пешгирикунандаи нафастангӣ, ки бо небулайзер ё ингалятор ворид мешаванд, табобат кардан мумкин аст.

Дуди тамоку метавонад сулфаи фарзанди шуморо бештар кунад, аз ин рӯ дар хона сигор накашед.

Доруҳои сулфа ба сулфа таъсир намерасонанд.

Буғкунандаҳо ва намкунандаҳо сулфаро беҳтар намекунанд. Илова бар ин, кӯдакони хурдсол метавонанд тасодуфан маҳлули бухоркунандаро фурӯ баранд (одатан дорои ментол ё эвкалипт мебошанд) ё худ сӯзанд.

Асал метавонад давомнокии сулфаро кам кунад, аммо набояд ба кӯдакони то синни 12 моҳа бинобар хатари ботулизми кӯдакон дода шавад.

Одатан, сулфа пас аз шамолхӯрӣ баъди чанд вақт мегузарад, новобаста аз он ки шумо онро чӣ гуна табобат мекунед.

Пешгирии сулфа

Агар сулфаи кӯдаки шумо аз сабаби астма рух диҳад, одатан шумо онро бо табобати мувофиқ пешгирӣ карда метавонед.

Шумо метавонед бо ваксинаҳои оддӣ аз сулфа халос шавед!

Шумо бояд хатари ба даҳон гирифтани ҷисмҳои бегона ва ҳамчунин,  пешгирӣ аз хӯрдани чормағз ё бозӣ бо ашёи хурде, ки онҳо метавонанд ба осонӣ ба даҳон гиранд, кам кунед.

Мутаассифона, ҳеҷ роҳе барои пешгирии сулфаи сироятии вирусӣ вуҷуд надорад.