Шамолхӯрӣ

Шамолхӯрӣ дар кӯдакон хеле маъмул аст, хусусан дар фасли зимистон. Аломатҳои шамолхурӣ иборатанд аз махкам шудани бинӣ ё биниравӣ, атса задан, дарди гулӯ ва дарди гӯш, сулфа ва дарди сар. Ягон табобате вуҷуд надорад, ки шамолхуриро зудтар аз байн барад. Аммо парацетамол ё ибупрофен, моеъҳо барои ба бинӣ чакондан метавонанд кӯмак кунанд. Агар нишонаҳои бемории кӯдаки Шумо беҳтар нашаванд ё ки кӯдакатон худро хеле бад ҳис кунад, ба духтур муроҷиат кунед. Шумо метавонед паҳншавии бемориро суст кунед, агар ҳангоми сулфидан Шумо даҳонатонро пӯшед ва дастонатонро шӯед.
Body

Кӯдакон ва шамолхӯрӣ

Ба ҳисоби миёна, як кӯдаки синни томактабӣ дар як сол камаш шаш маротиба аз шамолкашӣ азият мекашад. Баъзан, хусусан дар фасли зимистон, чунин ба назар мерасад, ки фарзанди Шумо ҳафтаҳо бемор аст ва базӯр аз як шамолхурӣ сиҳат ёфта ба дигараш бемор мешавад.

Кӯдакони хурдсол аксар вақт ба шамолкашӣ гирифтор мешаванд, зеро онҳо имкони ташаккули масуният ба бисёр вирусҳое, ки боиси шамолкашӣ мешаванд, надоранд. Ҳангоми  калон шудан, фарзанди Шумо тадриҷан иммунитетро инкишоф медиҳад ва эҳтимоли камтар бемор шуданро пайдо мекунад.

Шамолхӯриро  сирояти роҳҳои болои нафаскашӣ низ меноманд.

Сабабҳои шамолхӯрӣ

Бештари бемориҳои шамолхӯрӣ тавассути вирусҳо пайдо мешаванд. Дар ҳақиқат бештар аз 200 намудҳои вирусҳо вуҷуд доранд,  ки метавонанд сабабгори  шамолхӯрӣ шаванд.

Вирусҳое, ки сабабгори  шамолхӯрӣ мешаванд , тавассути атса задан, сулфа ва дастон мегузаранд.

Аломатҳои шамолхӯрӣ

Аломатҳо аз кӯдак ба кӯдаки вобаста аз беморӣ  фарқ мекунанд.

Шумо метавонед яке аз аломатҳои зеринро  мушоҳида намоед:

  • Махкам будани бинӣ
  • Атса задан
  • Дард дар гулӯ ва гӯш
  • сулфа
  • дарди сар
  • сурхшавии чашмон
  • варам кардани гиреҳҳои  лимфатикӣ
  • баъзан доштани табларза.

Бештари вақт кӯдаки Шумо иштиҳо надорад, метавонад ҳатто дил беҳузурӣ дошта бошад ва  партояд. Ӯ метавонад ғамгин ва хашмгин бошад.

Аломатҳои шамолхӯрӣ одатан якчанд рӯз то як ҳафта ва ё зиёдтар давом меёбанд.Кӯдаки Шумо одатан бе ягон мушкили пурра табобат меёбад.

Хеле кам вақт мушкилиҳои, ба монанди сирояти гӯш, ларингит ва ё  круп,  ё ки сирояти роҳҳои нафаскашӣ ба монанди бронхиолит ё пневмония пайдо мешаванд. Ин бемориҳо дар муқоиса бо шамолхӯрии сабук одатан хеле кам ҳастанд.

Баъзан вақт аломатҳои шамолхӯриро аз зуком фарқ кардан хеле мушкил аст. Ҳангоме, ки одамон мегӯянд, ки зуком доранд, одатан онҳо дар ҳақиқат шамол хӯрдаанд. Одамоне, ки зуком доранд дарди мушакҳои бештар, ҳарорати баланд ва табларза доранд.

Барои кӯдакатон муҳим аст, ки ҳамногми ҳамолхӯрӣ ба духтур муроҷиат кард?

Таҷриба нишон  медиҳад, умуман ҳамаи ҳамолхӯриҳо худ ба худ  мегузаранд.

Лекин Шумо бояд кӯдаки худро бадухтур баред, агар кӯдак Шумо яке аз аломатҳои зерин дошта бошад. Кӯдаки Шумо:

  • ягон моеъро наменӯшад;
  • бисер мепартояд (қай);
  • ғаёриоддӣ монда ва хоболуд аст;
  • табларзае, ки дар давоми  48 соат беҳтар намешавад;
  • сулфае, ки дар давоми ду ва зиёд ҳафта давом медиҳад;
  • нафаскашии овоздор ва хирросзанон.

Шумо бояд ёрии таъҷилиро даъват кунед ва ба шӯъбаи ёрии таъҷилии беморхона муроҷиат намоед, агар кӯдаки Шумо:

  • аз дарди сахти сар шикоят мекунад;
  • ранги сафед ва хоболуд аст;
  • нафаскашии душвор дорад, тез-тез  ва ё вазнин нафас мекашад;
  • аз се моҳа хурдтар аст ва ҳарорати баланд дорад;
  • дар пӯсти баданаш доғҳо пайдо шудаанд, ва ҳамнгоми бо истакон фишор додан гум намешавад.

Ҳамчунин ба духтур муроҷиат намоед, агар ҳолати ӯ пас аз 48 соат беҳтар намешавад ё ки агар Шумо хавотир шуда бошед.

Озмоишҳо барои шамолхӯрӣ

Барои кӯдакони бештар, ки ҳамолхӯрдаанд, озмоишҳо лозим нестанд. Баъзан, духтури Шумо метавонад тестҳо гузаронад, то ки дигар бемориҳоро истисно кунад.

Табобат бо хунукӣ

Аз биниравӣ дору нест. Ҳамчунин табобати махсус, низ вуҷуд надорад, ки барои зудтар аз он халос шудан ба Шумо кӯмак кунад. Беҳтар аз ҳама аломатҳоро табобат кунед.

Табобат аз он оғоз меебад, боварӣ ҳосил намоед, ки кӯдак кофӣ менӯшад, то ки норасогии об набошад, хусусан агар ӯ ҳарорати баланд дошта бошад. Шояд,  Шумо бояд ба кӯдакатон моеи камтар лекин бештар диҳед. Шумо бояд еорҳои зеринро ифро кунед:

Боз якчанд  чизҳое, ки Шумо иҷро карда метавонед, то ки аломатҳои ҳолати кӯдаки Шумо сабуктар шаванд:

  • Агар фарзанди Шумо ҳарорат дошта бошад ва ӯ дард ё нороҳатӣ эҳсос мекунад, ба вай паратсетамол мувофиқи вояи тавсияшуда ва вақти тавсияшуда диҳед. Шумо инчунин метавонед Ибупрофен барои кӯдакони зиёда аз се моҳ боло диҳед.
  • Кӯдакро барои хӯрдан маҷбур накунед. Агар фарзанди Шумо гурусна набошад, дар ҳоле ки ӯ ҳарорати баланд дорад, ин муқаррарӣ аст. Вақте ки вай худро беҳтар ҳис мекунад, иштиҳои вай бармегардад.
  • Барои сабук кардани нафас кашидани кӯдак аз сабаби махкам будани бинӣ, кӯшиш кунед, ки ба бинии ӯ қатраҳои маҳлули намакдорро чаконед.
  • Кӯдакро барои истироҳат ташвиқ кунед, аммо  ӯро дар ҷогаҳ мондан лозим нест. Бигзор  фарзандатон қарор кунад, то  кадом андоза фаъол бошад.
  • Дар хотир доред, ки Шумо набояд маҳсулоти шириро рад кунед - онҳо луоби барзиёдро  ба вуҷуд намеоранд.

Доруҳои зеринро дар  ҳолати шамолхӯрӣ тавси дода намешаванд,  агар духтур ягон чизи дигарро нагуфта бошад:

  • Доруҳо аз сулфа ва лавозимотҳои зидди варамкунӣ метавонанд сабабгори оқибатҳои ҷиддӣ бошанд;
  • Антибиотикҳо: шамолхӯрӣ одатан аз сабаби вирусҳо пайдо мешавад, бинобар ин антибиотикҳо кӯмак накарда, баръакс метавонанд  ба вайроншавии меъда ва шикамравӣ биёранд.

Пешгирии шамолхӯрӣ 

  • Пас аз акса, сулфа ва тоза кардани бинӣ, инчунин пеш аз хӯрок  дастонатонро бо оби ширгарми собундор шӯед.
  • Сулфа ба оринҷ кашед, то ки микробҳо ба дастонатон нарасанд.
  • Бо шахсони шамолхӯрда  лавозимотҳои худро ба монанди пиёла, шиша ва ғ. тақсим накунед.