Модарони ҷавон: ҷисми Шумо пас аз таваллуд

Ҳафтаи аввали баъди таваллуд марҳилаи муҳим барои шиносоӣ бо кӯдаки навзод, истироҳат ва барқароршавӣ мебошад. Ихроҷ аз бачадон, ҳиссиёти дард ва дарди кашишхӯрандаи пас аз таваллуд муқаррарӣ аст. Агар Шумо дарди сахт дошта бошед, ба духтур ё ҳамшираи шафқат муроҷиат кунед. Дар чанд моҳи аввали баъди таваллуд, ҷисми Шумо тағиротро аз сар мегузаронад. Масалан, дошта натавонистани пешоб ва пасафканд, рехтани мӯй ва ёзида кафидани пӯсти шикам дида мешаванд. Агар Шумо ҳангоми ширдиҳӣ мушкилот дошта бошед, ба духтур муроҷиат кунед.
Body

Модарони ҷавон: ҷисми Шумо дар ҳафтаи аввали баъди таваллуд

Дар ҳафтаи аввали баъди таваллуди кӯдак, Шумо ба ӯ ғамхорӣ мекунед ва бо ӯ шинос мешавед.

Пас аз таваллуд, занҳо хунравӣ ва дардро дар маҳбал ё дарзи буриши қайсарӣ эҳсос мекунанд. Инчунин метавонад дарди баъди таваллуд ва дарди пистонҳо ва синаҳо бошад. Аз ин рӯ, дар ҳафтаи аввали баъди таваллуд низ ба қадри кофӣ дам гирифтан ва барқарор шудан лозим аст.

Ба духтур муроҷиат кунед, агар дарди Шумо ба истироҳат, хоб ва нигоҳубини худ ва кӯдакатон халал расонад. Духтур метавонад доруҳои бедардкунандаро тавсия диҳад. Шарм надоред, ки дар бораи худ ва фарзандатон ҳама гуна саволҳои дигарро пурсед.

Ихроҷи баъди таваллуд

Пас аз таваллуд дар занҳо ихроҷ аз маҳбал ба назар мерасад. Он якбора пас аз таваллуд оғоз мешавад ва 4-6 ҳафта давом мекунанд. Ихроҷ одатан дар ҳафтаҳои аввал мӯътадил мешавад ва рангро аз сурхи дурахшон ба сурх-қаҳваранг иваз мекунад.

Беҳтараш аз таглатта (прокладка) истифода баред, на аз тампонҳо. Дар аввал, Шумо метавонед прокладкаҳои пас аз таваллудро истифода баред - онҳо аз андозаи муқаррарӣ калонтаранд. Ҳангоми синамаконӣ ё роҳ рафтан, ихроҷ метавонад дар муддати кӯтоҳ зиёдтар шавад.

Агар минтақаи чатан ҳангоми ламс кардан гарм бошад ё варам кунад, агар ихроҷи маҳбал бӯи ногувор дошта бошад, ба духтур муроҷиат кунед. Ин тағиротҳо метавонанд аломати сироят бошанд.

Дард баъди таваллуд

Эҳтимол пас аз таваллуд дард вуҷуд дошта бошад, ҳатто агар Шумо даридан ва дарз надошта бошед. Сабаб дар он аст, ки мушакҳо ва торҳои асаб дар минтақаи чатан ёзида ва фишурда шудаанд.

Барои кам кардани дард, варам ва доғи кабуд дар минтақаи чатан, Шумо метавонед амалҳои зеринро иҷро кунед:

  • Ба ҷои зарардида ба муддати 10-20 дақиқа, вале на бештар аз ҳар ду соат бастаҳои ях ё гели хунук молед.
  • Дар паҳлӯ хобида, машқҳоро барои мустаҳкам кардани ковокии кос иҷро кунед.
  • Парасетамол ё дигар доруи сабук барои рафъи дард истеъмол кунед. Аз духтури худ пурсед, ки кадом доруҳои рафъи дард барои Шумо беҳтар аст, хусусан агар Шумо синамаконӣ карда бошед.
  • Гигиенаи ин ҷойро тавассути оббозӣ ва ҳар рӯз иваз кардани таглатта мунтазам риоя кунед.
  • Пас аз ҳар як шустан ҷои осебдидаро бо дастмол ё матои мулоим оҳиста хушк кунед.

Агар Шумо ҳангоми пешоб кардан дард ҳис кунед, ба духтур хабар диҳед. Сабаб метавонад захмҳо дар чатан бошанд. Шумо метавонед инҳоро иҷро кунед:

• ҳангоми пешоб кардан узвҳои таносулро бо оби гарм шӯед

• ишқорнок кардани пешоб

• бисьёр об нӯшидан.

Агар Шумо пас аз даридан ё эпизиотомия дарз шуда бошед, онҳо дар давоми 1-2 ҳафтаи пас аз таваллуд тадриҷан ҳал мешаванд.

Дард пас аз ҷарроҳии қайсарӣ

Пас аз ҷарроҳии қайсарӣ дар поёни шикам захми ҷарроҳӣ боқӣ мемонад. Дард дар ин минтақа муқаррарӣ аст.

Барои рафъи дард, Шумо метавонед ҳангоми ба пушт хобидан дар зери зонуҳо ё ҳангоми дар паҳлӯ хобидан дар зери шикам болишт гузоред. Барои он ки аз мавқеи хобидан ба мавқеи нишастан гузаред ба паҳлӯ ғелида ба дастон такя карда, бадани худро аз бистар бардоред.

Духтур тавсия медиҳад, ки пас аз ҷарроҳии қайсарӣ аз машқҳои шадид худдорӣ кунед ва фаъолияти ҷисмониро маҳдуд кунед. Дар давоми чанд ҳафтаи аввал беҳтар аст, ки аз фаъолиятҳое, ки бардоштан ва кашонидани ашёи вазнин ва рондани мошинро талаб мекунад, худдорӣ намоед. Шумо метавонед аз дӯстон ва оила хоҳиш кунед, ки дар ин корҳо ба Шумо кӯмак кунанд.

Роҳгардии ҳаррӯзаи сабук барои шифо ёфтани захм кӯмак мекунад. Шумо инчунин бояд ба қадри кофӣ хоб кунед ва истироҳат кунед.

Аз сабаби дарз пас аз ҷарроҳӣ барои Шумо пӯшидани либосҳои озод ва либоси таги пахтагин бароҳаттар хоҳад буд.

Андозаи изи дарз пас аз ҷарроҳӣ дар ҳар як зан гуногун аст, аммо захми Шумо дар чанд ҳафтаи аввали баъди таваллуд кам мешавад, зеро доғи кабуд ва варам кам мешавад.

Агар захм ё гирду атрофи он сурх шуда бошад, гарм шавад, агар моеъ аз он берун равад, эҳтимол он ҷо сироят шудааст. Шумо бояд ба духтур муроҷиат кунед.

Дарди кашишӯрандаи пас аз таваллуд

Дарди кашишхӯрандаи пас аз таваллуд - ихтилоҷҳои кӯтоҳе мебошанд, ки дар натиҷаи кашиши бачадон барои кам кардани андозаи он ва қатъ кардани хунравӣ ба вуҷуд меоянд. Дарди кашишхӯранда ҳангоми ширдиҳӣ метавонад ба амал ояд, зеро гормонҳои дар вақти ширдиҳӣ баровардашуда низ боиси кашиши бачадон мегардад. Он коҳиш меёбад ва ба ҳолати пеш аз ҳомиладорӣ бармегардад.

Дарди баъди таваллуд боиси нороҳатӣ мегардад ва метавонад якчанд рӯз давом кунад. Дар рӯи шикам ё тахтапушт компрессҳои гарм монда метавонед.

Дарди кашишхӯрандаи баъди таваллуд бештар дар занони серфарзанд мушоҳида мешаванд, аммо пас аз таваллуди аввал низ метавонанд ба амал оянд. Одатан онҳо бо ҳар як таваллуди нав қавитар мешаванд.

Дарди сина ва пистонҳо

Дар ҳафтаи аввал, вақте ки шир истеҳсол мешавад ва Шумо ва кӯдаки Шумо ба синамаконӣ одат мекунед, Шумо метавонед дар пистонҳо ва синаатон дард ҳис кунед.

Сабаби маъмултарини дард ин тарзи нодурусти гирифтани сина мебошад. Бо тарзи дуруст гирифтани сина, дард одатан аз байн меравад. Агар Шумо боварӣ надошта бошед, ки кӯдак синаро дуруст мегирад ё дарди шадиде дошта бошед, ба духтур муроҷиат кунед.

Инҳоянд чанд маслиҳати дигар барои сабук кардани дарди сина ва пистон:

  • Ба синаҳо компрессҳои хунук монед — матои дар яхдон хунукшуда ва намнок дардро дар байни ғизодиҳӣ кам мекунад. Матои гарм ҳангоми ғизодиҳӣ ба баромадани шир мусоидат мекунад.
  • Синаи пури худро бо нармӣ масҳ кунед.
  • Дар охири ҳар як ғизодиҳӣ чанд қатра ширро ҷӯшида ба пистонҳоятон молиш диҳед. Ин дардро таскин медиҳад ва ба шифо ёфтани захмҳои пистон мусоидат мекунад.
  • Ба пистонҳоятон миқдори ками крем молед. Креми махсусе, ки барои модарони синамакон тавсия дода шудааст, истифода баред.

Агар дарди сина ва пистонҳо рӯз то рӯз кам нашавад ба духтур муроҷиат кунед.

Дошта натавонистани пешоб ва пасафканд дар чанд моҳи аввали баъди таваллуд

Дар моҳҳои аввали пас аз таваллуд Шумо метавонед пешоб ё пасафкандро дошта натавонед, хусусан ҳангоми хандидан, сулфа кардан ё атса задан.

Ин одатан худ аз худ мегузарад, пас аз паст шудани варам, ҳиссиёт бармегарданд ва мушакҳо мустаҳкам мешаванд. Машқҳо барои мустаҳкам кардани мушакҳои ковокии кос метавонанд кӯмак кунанд.

Агар то синни шашҳафтагии кӯдакатон Шумо ҳоло ҳам пешобро дошта натавонед ба духтур муроҷиат кунед. Ӯ ба Шумо кӯмак мекунад ё Шуморо ба физиотерапевти солимии занон ё уролог равон мекунад.

Дошта натавонистани пешоб пас аз таваллуд маъмул аст. Барои рафъи ин мушкилот бисёр табобатҳо мавҷуданд.

Вазн дар чанд моҳи аввали баъди таваллуд

Одатан, пас аз таваллуд, вазн тадриҷан кам мешавад. Ғизои солим ва машқҳои сабуки ҷисмонӣ, аз қабили роҳ рафтан, метавонанд барои кам шудани вазн мусоидат кунанд. Синамаконӣ инчунин барои кам шудани вазн мусоидат мекунад.

Беҳтараш оҳиста-оҳиста вазни худро кам кунед. Агар ҳадафи Шумо баргаштан ба вазни пеш аз ҳомиладорӣ бошад, он метавонад якчанд моҳро талаб кунад.

Агар Шумо пеш аз ҳомиладорӣ вазни зиёдатӣ дошта бошед ва хоҳед, ки вазни худро кам кунед, бо духтур муроҷиат кунед. Агар Шумо аз ҳад зиёд вазн кам кунед ва вазни нокифоя дошта бошед, инчунин ба духтур муроҷиат кардан тавсия дода мешавад.

Мӯй дар моҳҳои аввали баъди таваллуд

Пас аз чанд моҳи таваллуд, мӯи Шумо метавонад ба рехтан оғоз кунад. Ин дер давом намекунад ва бояд вақте ки кӯдак тақрибан шашмоҳа мешавад, қатъ шавад.

Ин аз тағирёбии сатҳи гормон дар бадан вобаста аст. Рехтани мӯй аз сабаби синамаконӣ нест, бинобар ин аз сина ҷудо кардани кӯдак фоидае надорад.

Ёзида кафидани пӯсти шикам

Ҳангоми ҳомиладорӣ, Шумо метавонед дар шикам, ронҳо ва синаатон ёзида кафидани пӯстро мушоҳида кунед. Пас аз таваллуд, онҳо одатан тағир меёбанд: ранг аз сурх ба нуқрагун табдил меёбад, андозаи онҳо кам мешавад.

Саломатии Шумо ва саломатии кӯдаки Шумо пас аз шаш ҳафтаи баъди таваллуд баҳо дода мешавад. Дар он ҷо Шумо метавонед дар бораи ҳама гуна тағйироти ҷисмонӣ ва эмотсионалӣ, ки Шуморо ташвиш медиҳанд, саволҳо диҳед.

Муносибати Шумо дар моҳҳои аввали баъди таваллуди кӯдак

Падару модар шудан барои Шумо ва ҳамсари Шумо як тағйироти бузург аст. Барои баъзе ҷуфтҳо, пайвандҳо мустаҳкамтар мешаванд, дар ҳоле ки ба дигарон барои мутобиқ шудан ба нақши волидайн вақт лозим аст.

Ҳиссиёти Шумо оиди муносибатҳои маҳрамона аз бисёр омилҳо вобаста аст - чӣ гуна гузаштани таваллудкунӣ, дард, хастагӣ, нигоҳубини кӯдак, муносибати Шумо ба бадани худ пас аз ҳомиладорӣ ва таваллуд.

Таҷриба ва ақидаҳои модарони дигар метавонанд барои Шумо муфид бошанд. Кӯшиш кунед, ки бо онҳо шинос шавед ва муошират оғоз кунед.