Модарони ҷавон: ҳафтаҳои аввал
Пас аз таваллуд: модарон чиро бояд интизор шаванд
Агар кӯдаки шумо дар таваллудхона таваллуд шуда бошад, шумо эҳтимолан дар он ҷо бо кӯдаки худ на камтар аз 3 рӯз мемонед. Агар шумо хоҳед, ки барвақттар ҷавоб шавед ё баръакс дар беморхона бисёртар монед, ё агар шумо надонед, ки кадомаш беҳтар аст, метавонед бо духтур маслиҳат кунед.
Дар беморхона мондани шумо метавонад тӯлонитар бошад дар сурати мавҷуд будани сабабҳои тиббӣ, мисол агар кӯдак ба нигоҳубини иловагӣ эҳтиёҷ дошта бошад, ё таваллуд душвор бошад ё шумо ҷарроҳии қайсарӣ шуда бошед. Дар чунин ҳолатҳо, шумо метавонед дар беморхона 2-5 рӯз бимонед.
Агар кӯдаки шумо бармаҳал таваллуд шуда бошад, ӯро эҳтимолан дар таваллудхона барои муддати тӯлонӣ дар шӯъбаи эҳёгарии навзодон нигоҳ медоранд.
Пеш аз баромадан аз таваллудхона
Маълумот оиди барқароршавии бадан пас аз таваллуд ва гирифтани кӯмак дар ҳафтаҳои аввали баъди таваллуд муфид хоҳад буд. Пеш аз баромадан аз таваллудхона, шумо метавонед пурсед:
- барои гирифтани маслиҳат оиди синамаконӣ ба кӣ муроҷиат кардан лозим аст;
- пас аз шаш ҳафтаи таваллуд дар куҷо аз муоинаи тиббӣ гузаштан мумкин аст;
- оё шумо метавонед мошинро идора кунед, чизҳои вазнинро бардоред
- кай ва дар куҷо хориҷ кардани дӯхтаҳо (агар мавҷуд бошад);
- оё дар таваллудхона машваратчӣ оиди синамаконӣ ё физиотерапевти саломатии занон мавҷуд аст ва бо онҳо чӣ гуна тамос гирифтан мумкин аст.
Шумо инчунин метавонед оиди нигоҳубини навзод маълумот гиред. Аз ҷумла, шумо бояд чизҳои зеринро донед:
- ба шумо чанд маротиба лозим аст, ки кӯдаки худро ғизо диҳед ва як ғизодиҳӣ чӣ қадар давом мекунад;
- чӣ тавр фаҳмидани сигналҳои кӯдак, ки ӯ нороҳат ё гурусна аст;
- ба куҷо муроҷиат кардан лозим аст, агар шумо ё фарзандатон бемор шавед;
- чӣ тавр бо ҳамшираи шафқат тамос гирифтан мумкин аст ва ӯ чӣ кӯмак расонида метавонад.
Духтур ин маълумотро ҳамчун як қисми табобати шумо пешниҳод мекунад.
Тавсия дода мешавад, ки аз аъзоёни оила ё дӯстон хоҳиш кунед, ки дар корҳои хона, аз қабили шустани либосҳои кӯдак, харидани уребча ва хӯрокворӣ кӯмак кунанд.
Эҳсосоти шумо дар ҳафтаи аввали пас аз таваллуд
Новобаста аз он ки шумо дар хона таваллуд кардаед ё дар таваллудхона, ҷисми шумо бисёр чизҳоро аз сар гузаронидааст. Хушбахтона, шумо ба барқароршавӣ шурӯъ мекунед ва бо дард ва нороҳатӣ мубориза мебаред.
Аксари занон пас аз таваллуд худро хаста ва афтодарӯҳ ҳис мекунанд. Инчунин, модарони ҷавон метавонанд сабукӣ, хушбахтӣ, тарсу ҳаросро эҳсос кунанд. Пас аз 3-5 рӯзи таваллуд кайфияти ашковар ва изтироб пайдо шуданаш мумкин аст.
Агар шумо пайваста ба ҳамсаратон дар бораи эҳсосоти худ нақл кунед, барои шумо осонтар мешавад. Ҳамин тавр, ҳардуи шумо аз ҳама гуна тағирёбии рӯҳия ва то чанд муддат давом кардани онҳо огоҳ хоҳед шуд.
Пас аз як ё ду ҳафта шумо худро беҳтар ҳис мекунед. Агар эҳсоси депрессияи сабук боқӣ монад, ба кӯмак муроҷиат кунед. Барои ҳар як зани ҳафтум ин эҳсосот ба депрессияи баъди таваллуд табдил меёбад. Бо гирифтани ёрии саривақтӣ, занон одатан аз депрессияи баъди таваллуд пурра шифо меёбанд.
Ташрифҳои ҳамшираи шафқат ба хона
Одатан духтури оилавӣ ва ҳамшираи шафқат дар давоми ҳафтаи аввали баъди баромадан аз таваллудхона модару кӯдакро дар хона ташриф мекунанд. Онҳо шумо ва кӯдакро муоина мекунанд ва ба саволҳои шумо ҷавоб медиҳанд.
Синамакониро меомӯзем
Синамаконӣ баъзан метавонад барои модарони ҷавон як кори душвор бошад, аммо агар шумо усули барои худ мувофиқро пайдо кунед, шумо метавонед онро иҷро кунед. Синамаконӣ барои барқарор кардани тамоси зуд-зуд “пӯст бо пӯст” ва наздик шудан бо кӯдак дар соатҳо ва рӯзҳои аввал кӯмак мекунад.
Танзими синамаконӣ якчанд ҳафтаро талаб мекунад - ин муқаррарӣ аст.
Агар шумо ҳангоми синамаконӣ мушкилот дошта бошед, бо духтури оилавӣ ё ҳамшираи шафқат сӯҳбат кунед.
Нигоҳубини навзодро меомӯзем
Агар шумо бори аввал модар шуда бошед, шумо бояд дар бораи нигоҳубини кӯдаки навзод бисёр чизҳоро омӯзед. Аз ҷумла, дар бораи чизҳои зерин маълумот гиред:
- синамаконӣ;
- иваз кардани уребчаҳои яккарата ё матоъгин;
- оббозӣ доронидани кӯдак;
- муқаррар намудани реҷаи рӯз барои навзодон;
- хоби бехатари кӯдак.
Ором шавед
Баъзан шумо рӯзҳоро танҳо бо ғизо додан ва хобонидани тифл мегузаронед ва хуб аст, агар ба шумо либос иваз кардан ва оббозӣ кардан муяссар шавад. Ин комилан муқаррарӣ аст. Кӯшиш кунед, ки то ҳадди имкон истироҳат кунед ва ба худ вақт диҳед, то кӯдаки худро шиносед.
Хуб мебуд, агар шахси боваринок – ҳамсар, аъзои оила ё дӯст дар чанд рӯзи аввал шуморо дастгирӣ кунанд. Ҳатто агар шумо бори аввал модар нашуда бошед ҳам, беҳтар мебуд, ки дастгирӣ дошта бошед, хусусан агар шумо кӯдакони калонсолро бояд нигоҳубин кунед.
Ғизо
Баъзан барои пухтани хӯрокҳои солим вақт ёфтан душвор аст, ҳатто агар шумо донед, ки ғизои солим муҳим аст. Агар хешовандон барои шумо хӯрокпазӣ пешниҳод кунанд, розӣ шавед. Рӯзҳое, ки вақт танг аст, агар имкон бошад, шумо метавонед хӯрокҳои тайёр, шӯрбо ва салатҳоро харед.