Хала (колики): ин чист?
Хала чӣ аст?
Хала - ин гиря ва нооромиест, ки зуд-зуд рух медиҳад ва ё муддати дароз давом мекунад. Ин ҳолат метавонад дар якчанд рӯзагӣ ва ё якчанд ҳафтагии кӯдак оғоз шавад.
Агар кӯдаки шумо хала дошта бошад, вай ҳангоми макидан ноором ва гирён мешавад. Масалан, ӯ метавонад гурусна бошад, ва пас аз макидан дере нагузашта боз гурусна метобад. Ё кӯдаки шумо метавонад аксар вақт ҳангоми синамакӣ ва ё аз шиша шир хӯрдан, дар ташвиш буда, ғизоро суст хӯрад.
Шояд шумо дарк намоед, ки кӯдаки шумо мӯҳлати дароз ором намешавад, инчунин метавонад бо овози баланд гиря кунад. Дар ин вақт, фарзанди шумо метавонад пойҳои худро ба боло фишор диҳад, гӯё аз сабаби дард. Дар ин ҳолат ором кардан ва ё тасаллӣ додани кӯдак хеле душвор ва ҳатто номумкин аст. Гӯё ҳамаи коре, ки шумо мекунед, фоида надорад.
Гиря ва нооромӣ метавонад соатҳо тӯл кашад ва аксар вақт шомгоҳон бадтар мешавад.
Ин ҳолат ба шумо ва аксар вақт барои парасторон, табибон ва ҳамшираҳои шафқат хеле нофорам буда метавонад. Аммо агар фарзанди шумо гиря кунад ва ноором бошад, ин маънои онро надорад, ки шумо падару модари бад ҳастед. Волидони аз ҳама боваринок ва ором низ метавонанд кӯдакони зиёд гиря мекардагӣ дошта бошанд.
Баъзе кӯдаконе, ки нишонаҳои хала доранд, мушкилотҳои саломатӣ доранд, аз ин рӯ агар кӯдаки шумо бисёр гиря кунад, тавсия дода мешавад, ки ба духтур муроҷиат кунед, то ин ки ин ҳолатро истисно кунед,
Гиря кардан ва ноором будан: чиро бояд интизор шуд
Гиря ва нооромӣ - барои тифлон падидаҳои меъёрист. Ба ҳисоби миёна, кӯдакон қариб се соат дар як рӯз гиря мекунанд ва дар изтиробанд, баъзеи онҳо аз ин ҳам зиёдтар. Тақрибан дар синни шаш ҳафтагӣ гиряи кӯдак сатҳи болоиро ишғол намуда, баъдан тадриҷан бо калон шудани кӯдак коҳиш меёбад.
Чунин ба назар мерасад, ки аксари ин гиря ва нооромӣ бегоҳ ва нимаи дуюми рӯз рух медиҳад, гарчанде, ки ин ҳолат метавонад рӯз то рӯз тағйир ёбад.
Тифлон аз сабаби мизоҷ, давраҳои хоб ва реҷаи ғизодиҳӣ гиря мекунанд. Ҳангоми калоншавӣ тифлон бештар аз муошират бо шумо ва ё аз ягон чизе, ки дар муҳит онҳоро иҳота мекунад, гиря мекунанд. Бинобар ин, эҳтимол дорад, ки гиря дар давоми рӯз паҳн мешавад.
Табиист, ки шумо аз кӯдаки гирён нигарон ҳастед. Донистани он хуб аст, ки аксари кӯдакон аз 3-4 моҳагӣ камтар гиря мекунанд. Ин марҳилаест, ки ба зудӣ мегузарад
Сабабҳои хала (колики)
Мо то ҳол нисбати сабаби пайдоиши хала кам маълумот дорем.
Хала метавонад аз сабаби ҳавасмандкунии аз ҳад зиёд ба вуҷуд ояд. Гиря метавонад ба навзод кӯмак кунад, ки муҳити атрофашро назорат кунад. Ба монанде, ки фарзанди шумо мегӯяд: “Кифоя аст! Ман гиря мекунам, то худро аз ҷаҳон канор гирам".
Шояд барои шумо донистани он, муфид аст, ки аксари кӯдаконе, ки хала доранд, ягон сабаби возеҳи ҷисмонӣ ё тиббӣ барои гиря надоранд. Аммо агар фарзанди шумо бисёр ноором аст ва гиря мекунад, тавсия дода мешавад, ки ба духтур муроҷиат кунед, то ки сабабҳои эҳтимолии зеринро истисно кунед:
- Рефлюкси гастроэзофагеалӣ – хеле кам, вале сабаби эҳтимолии гиря
- сироятҳо – барои мисол, сирояти гӯш ва ё роҳҳои пешоб
- грыжаҳо - масалан, грижаи ноф ва ё қадкашак
- аллергия - масалан, аз ғизои модар ва ё шири гов
- шалҳидагӣ (опрелость) ё дигар сабаби газаки пӯст
Усулҳои оромкунанда метавонанд дар бар гиранд:
• Сайругашт бо кӯдак дар мошин ё аробачаи кӯдакона;
• Сайругашт бо кӯдак ё ки оҳиста ҷунбонидани кӯдак;
• Бо оби ширгарм оббозӣ дорондани кӯдак;
• Шиками кӯдакро молидан ё ки барои молиши тахтапушт кӯдакро ба шикам гузоштан;
• Овози набзи дил ё садоҳои оромбахшро пахш кардан;
• Чароғҳоро хира ва дигар ангезаҳои биноиро маҳдуд кардан.
Ғамхории волидайн нисбати худ
Ғамхорӣ ба тифле, ки хала дорад метавонад ҳатто барои волидони ботаҷриба ҳам мушкил ва хастакунанда бошад. Якчанд қадамҳои оддӣ метавонанд ба шумо дар нигоҳубини худ кӯмак кунанд:
- Бо навбат бо ҳамсар ба кӯдак нигоҳубин кунед.
- Худро гунаҳкор ҳис накунед ва дар хотир доред, ки ин ҳолат муваққатӣ аст. Ҳолатҳои хала аксар вақт аз синни 3 то 4 моҳагӣ камтар мешаванд.
- Агар лозим бошад, ба духтур муроҷиат кунед.