Дарунравӣ
Дарунравӣ чист?
Дарунравӣ – ин пасафканди зиёд, суюқ, зуд-зуд ё обдор аст.
Аломатҳои дарунравӣ
Ба аломатҳое, ки дарунравиро нишон медиҳанд, дард ё хала дар шикам, дам шудани шикам, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ё табларза мансубанд.
Агар фарзанди Шумо дарунравӣ дошта бошад, пасафканди ӯ зиёд, зуд-зуд ё обдор мешавад. Ранги пасафканд метавонад аз қаҳваранг то сабз фарқ кунад ва Шумо метавонед дар он порачаҳои ғизои қисман ҳазмшударо мушоҳида кунед.
Дарунравӣ метавонад ба камшавии оби бадан оварда расонад.
Оё ҳангоми дарунравии кӯдак ба табиби оилавӣ/педиатр муроҷиат кардан лозим аст?
Агар кӯдаки Шумо аз се моҳа хурдтар бошад ва дарунравӣ дошта бошад, ҳамеша ба табиби оилавӣ/педиатр муроҷиат кунед. Шумо бояд ба табиб муроҷиат кунед, агар фарзанди Шумо:
- дарунравии музмин (дарозмуддат) дошта бошад;
- дар пасафканд хун бошад;
- камшавии вазн дошта бошад.
Кӯдакро фавран ба шӯъбаи ёрии таъҷилӣ баред, агар ӯ дарунравӣ дошта бошад ва:
- аломатҳои камшавии оби бадан вуҷуд доранд - яъне агар ӯ пешоб накунад, рангпарида ва лоғар бошад, чашмонаш фурӯ рафта бошад, дасту пойҳо хунук бошанд, хоболуд ё хеле инҷиқ бошад;
- дарди сахти шикам дорад, ки рафъ намешавад;
- Шумо дар ташвиш ҳастед, ки ӯ худро хеле бад ҳис мекунад.
Шумо фарзанди худро беҳтар медонед, аз ин рӯ, агар Шумо фикр кунед, ки ӯ худро бад ҳис мекунад, ба эҳсосоти худ бовар кунед. Ба аломатҳое, ки ҳолати бемории вазнин доштани фарзанди Шуморо нишон медиҳанд ва ба ӯ кӯмаки фаврии тиббӣ лозим аст, дарди шадид, хоболудӣ, пӯсти рангпарида ё кабудчатоб, камшавии оби бадан, душвории нафаскашӣ, ихтилоҷ ва камшавии қобилияти ҳискунӣ дохил мешаванд.
Таҳлилҳо ҳангоми дарунравӣ
Агар сабаби дарунравӣ ягон вирус, бактерия ё паразити муайян бошад, таҳлили фазла нишон медиҳад, ки мушкилот дар чист. Агар дарунравӣ музмин бошад, табиби оилавӣ/педиатр метавонад барои муайян кардани сабабҳои аслӣ таҳлили хун ва фазларо таъин намояд.
Табобати дарунравӣ
Нӯшидан
Аз ҳама муҳим – моеъи бештар нӯшидан (оби оддии хунуки форам).
Ба кӯдак зуд-зуд ва бо миқдори кам об диҳед (ҳар 15 дақиқа якчанд қулт). Беҳтар аст, ки моеъи регидратасиониро истифода баред, ба монанди: Регидрон, Gastrolyte® (Гастролит), Hydralyte™ (Гидралит), Pedialyte® (Педиалит) ё Repalyte® (Репалит), ҳамаи онҳо дар дорухонаҳо бе дорухат фурӯхта мешаванд.
Агар Шумо маҳлули регидратасияи даҳонӣ надошта бошед, аз лимонади бегази об ҳамроҳшуда, нӯшокии ширин ё шарбати мева истифода баред. Як ҳисса лимонади бегаз ё шарбати меваро бо чор ҳисса об омехта кунед. Лимонади ҳалнашуда, нӯшокиҳои ширин ё шарбати мева метавонанд дарунравиро бадтар кунанд, онро ба фарзандатон надиҳед.
Агар Шумо ба кӯдакатон шири сина дода истода бошед, ба ӯ шир доданро идома диҳед, аммо ин корро тез-тез кунед. Илова бар он ба кӯдак маҳлули регидратасияи даҳонӣ дар байни синамаконӣ диҳед. Агар ба кӯдак ғизои сунъӣ дода шавад, ба ӯ танҳо дар давоми 24 соати аввал маҳлули регидратасияи даҳонӣ диҳед ва сипас тадриҷан ба ӯ додани шири сунъиро оғоз кунед. Кӯдакро зуд-зуд ғизо диҳед, аммо бо миқдори кам. Дар байни ғизодиҳӣ Шумо метавонед ба ӯ иловатан моеъи регидратасияи даҳонӣ диҳед.
Хӯрок
Дар хотир доред, ки кӯдак метавонад аз сабаби бад будани саломатӣ аз хӯрок даст кашад. Агар гурусна бошад, ҳар чиро ки ӯ хӯрдан мехоҳад диҳед.
Усулҳои иловагии табобат
Агар кӯдаки Шумо камшавии оби бадани вазнин дошта бошад, ба ӯ моеъро ба таври сӯзандоруи вориди варуд мечаконанд ё тавассути найчае, ки ба бинӣ ворид карда мешавад ва моеъро мустақиман ба меъда интиқол медиҳад. Ин муолиҷа дар беморхона гузаронида мешавад.
Кӯдаки худро бо доруҳои зидди дарунравӣ табобат накунед. Ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки ин усули муолиҷа фоиданок аст. Кӯдаки Шумо ба антибиотик эҳтиёҷ надорад. Табиби оилавӣ/педиатр ба Шумо оид ба табобати фарзандатон маслиҳат медиҳад.
Пешгирии дарунравӣ
Дастҳои худро мунтазам шӯед, ба кӯдак шишача, пиёла ё лавозимоти хӯрокхӯрии алоҳида ҷудо кунед, ки танҳо ӯ истифода барад.
Фарзандатонро аз дигар кӯдакон ҷудо кунед, то дами бартараф шудани дарунравӣ ӯро ба мактаб ё боғча набаред.
Дарунравии музмин (дарозмуддат)
Дарунравии музмин метавонад бо сабабҳои зерин ба вуҷуд ояд:
- баъзе намудҳои таҳаммулнопазирии лактоза (қисмати шакари шир);
- сироятҳои паразитӣ, ба монанди гиҷҷа;
- таҳаммулнопазирии глютен;
- таҳаммулнопазирии баъзе намуди ғизо;
- синдроми газаки рӯдаи ғафс;
- дигар бемориҳои камтар маъмул, ба монанди бемории илтиҳобии рӯда.