Таваҷҷӯҳи мусбӣ ва фарзанди шумо
Таваҷҷӯҳи мусбӣ чист?
Таваҷҷӯҳи мусбӣ – ин намоишдиҳии шодӣ ва меҳру муҳаббат ба фарзандатон бо тарзи зерини ҳамоҳангсозӣ мебошад:
- Ба фарзандатон табассум кунед
- Бо чашм тамос гиред ва чеҳраи хайрхоҳонаро истифода баред
- Нисбат ба фарзандатон нармнигоҳ ва ғамхор бошед
- Калимаҳои ҳавасмандкунандаро истифода баред ва мувафақияти фарзандатонро қайд намоед
- Он чизе, ки ба фарзанди Шумо шавқовар аст, ба машғулиятҳои ва дастовардҳои ӯ таваҷҷуҳ намоед
Барои чӣ таваҷҷуҳи мусбӣ муҳим аст
Аз лаҳзаи таваллуд ба кӯдакон таҷриба ва муносибате, лозим аст, ки ба онҳо нишон медиҳанд, ки онҳоро қадр мекунанд ва онҳо шахсияти боистеъдоде ҳастанд, ки ба дигарон хурсандӣ ва ҳаловат бахшида метавонанд. Таваҷҷуҳи мусбӣ, эътино ва ҷавоб аз тарафи калонсолони асосӣ ба кӯдакон тасаввуротро дар бораи он, ки то чӣ андоза онҳо арзишманд ҳастанд, ташаккул медиҳад.
Тасаввурот дар бораи худ бо шарофати паёмҳои мусбию дӯстдории Шумо ва дигар одамони муҳим дар ҳаёти кӯдак бо мурури вақт меафзояд.
Ҳиссиёти бехатарӣ ва амният дар натиҷаи муомила бо Шумо ва дигар одамоне, ки ӯро нигоҳубин мекунанд, ташаккул меёбад. Агар Шумо фарзандатонро ҳангоми тарс, ба ягон чиз боварӣ надоштан ё ин ки бо вазъияти нав ё ношинос дучор шудан таскин бахшед ва дастгирӣ намоед, ӯ худро дар бехатарӣ ҳис мекунад.
Таваҷҷуҳи мусбатро чӣ гуна бояд нишон дод: ҳама синну сол
Новобаста аз синну соли фарзандатон Шумо метавонед ҳамарӯза амалҳои оддиро иҷро намоед, то ин ки ба фарзандатон фаҳмонед, ки ӯ махсус ва муҳим мебошад. Мисол:
• Ба кӯдак нигоҳ кунед ва ба ӯ табассум кунед.
• Ба он чизе, ки фарзандатон мекунад, таваҷҷӯҳ зоҳир кунед - аз ӯ хоҳиш кунед, ки агар тавонад дар ин бора нақл кунад.
• Вақте, ки фарзандатон бо Шумо сӯҳбат мекунад таваҷҷуҳ зоҳир намоед ва бодиққат гӯш кунед
• Маросимҳои махсусеро эҷод кунед, ки шумо метавонед онҳоро бо ҳам мубодила кунед.
Роҳҳои нишон додани таваҷҷуҳи мусбӣ ба кӯдакони синну соли гуногун вуҷуд доранд:
Кӯдакони навзод ва хурдсол: тавсияҳо оид ба он, ки чӣ гуна бояд таваҷҷуҳи мусбиро баён намуд
• Кӯдаки худро ҳангоми гиря кардан тасаллӣ диҳед.
• Вақте, ки фарзандатон табассум мекунад, дар ҷавоб ба ӯ табассум кунед.
• Бо садоҳои фарзандатон таваҷҷуҳ кунед, ба таври талаффуз кардани ягон чиз.
• Дар бораи он, ки дар атрофи шумо чӣ рух медиҳад, сӯҳбат кунед.
• Ба он чизе, ки кӯдаки шумо ба он таваҷҷӯҳ дорад, диққат диҳед, ӯро ба омӯхтан ташвиқ кунед - масалан, ба ӯ нишон диҳед, ки чӣ тавр шақшақаи рангорангеро, ки таваҷҷуҳи ӯро ҷалб намудааст, такондан мумкин аст.
Кӯдакони синни хурдсол: маслиҳатҳо оид ба баён намудани таваҷҷуҳи мусбӣ
• Ба фарзандатон дар бораи оне, ки дар машғулиятҳои вай ба Шумо чӣ маъқул аст, бигӯед. Мисол, “Вақте, ки ту барои ҷамъ намудани кубикҳо кӯмак мекунӣ, ба ман хеле мақул аст”. Оҳанги мусбиро ба таърифи дахлдор истифода баред.
• Аз вақтгузаронии якҷоя ҳаловат баред. Ин осон аст ба мисли оне, ки Шумо сари ду по нишаста аз паси кирм якҷоя мушоҳида менамоед.
• Ҳангоме ки шумо бо фарзандатон сӯҳбат мекунед, ба ӯ вақт диҳед, то ба Шумо ҷавоб диҳад, ҳатто агар ӯ на ҳама вақт калимаҳои мувофиқро пайдо кунад.
Кӯдакони синни томактабӣ: маслиҳатҳо оид ба баён намудани таваҷҷуҳи мусбӣ Барои якҷоя машғул шудан бо машғулиятҳое, ки ба фарзанди Шумо маъқул аст, вақт ёбед, мисол, ҷамъ кардани муаммоҳо, созанда (конструктор), расмкашӣ ва ғ.
• Кӯшиш кунед, ки рафтори кӯдакро, ки Шумо онро ташфиқ кардан мехостед, шарҳ диҳед: “Ташаккур, ки табақи худро ба ошхона овардӣ. Ин хел мо рӯйи мизеро, ки таоми нисфирӯзӣ истеъмол намудем, тезтар тоза мекунем.”
• Ҳангоми саломуалейки саҳарӣ табассум намудан ва ба чашми кӯдак нигоҳ карданро фаромӯш накунед - шумо ҳатто метавонед ӯро ба оғӯш гиред.
Лаҳзаҳое, ки мусбӣ будан душвор аст
Ҳамеша мусбӣ будан воқеӣ ва муқаррарӣ нест. Фарзанди Шумо қадир аст аз уҳдаи он барояд, агар Шумо баъзан дастрас набошед, дар ташвиш ё парешон бошед. Изтироби хонагӣ, ба монанди пандемия, ноустувории иқтисодӣ ва дигар рӯйдодҳо, барои шумо ва фарзанди шумо вақти душвореро эҷод мекунанд. Нисбати худ ғамхорӣ карданро фаромӯш накунед.
Ҳама кор сари он, ки чӣ муддати дуру дароз рух медиҳад, на ин ки дар ҳолати алоҳида. Агар, бо гузашти вақт, фарзандатон аз шумо асосан таваҷҷӯҳи мусбӣ гирад, вай худро дӯстдошта ва эмин ҳис мекунад.
Аммо, вақте ки волидон пайваста таваҷҷӯҳи худро ба ниёзҳои фарзандони худ равона карда наметавонанд, он метавонад ба кӯдакон дар солҳои аввали ҳаёташон ва дар оянда таъсири манфӣ расонад. Агар бисёре аз муносибатҳои ҳамарӯзаи шумо бо фарзандатон хусусияти манфӣ дошта бошанд ё агар барои Шумо бо фарзандатон мусбӣ рафтор намудан душвор бошад, хуб мешуд барои кӯмак ба табиб ё дигар мутахассис муроҷиат менамудед.