Тавсияҳо оид ба сарбории ҷисмонӣ, давраҳои хоб ва бедорӣ барои кӯдакон дар соли дуюми ҳаёт
Ташкили дурусти реҷаи рӯз барои кӯдакони ин синну сол вазифаи осон нест. Дар ин маврид на танҳо синну сол, балки талаботҳо ва хусусиятҳои инфиродии ҳар як кӯдак бояд ба назар гирифта шавад. Реҷаи муназзам ва дуруст интихобшудаи фаъолияти ҷисмонии дар ҷои нишаст иҷрошаванда (ғизодиҳӣ, ҳаракат дар нақлиёт, бозиҳои статикии ташаккулдиҳанда) ва реҷаи хоб ба саломативу инкишофёбии кӯдак таъсири назарраси мусбат мерасонад.
Кӯдакон дар давоми соли дуюми ҳаёт
- Бо кӯдакони синни мазкур бояд на камтар аз 180 дақиқа машғулиятҳои ҷисмонӣ, аз ҷумла фаъолияти ҷисмонии шиддаташон миёна ва баланд гузаронида шавад.
- Давраи оромии нисбӣ дар аробачаи кӯдакона, курсичаи кӯдакона, курсии нақлиётии кӯдакона, ва интиқолдиҳии кӯдак набояд аз 1 соат зиёд давом намояд.
- Ҷалб намудани кӯдакон ба тасвирҳо (телевизор, планшет, телефони мобилӣ) то охири соли дуюми ҳаёт тавсия дода намешавад. Агар ин ҳолат аллакай ҷой дошта бошад, кӯшиш намоед, ки он аз 1 соат дар давоми шабонарӯз зиёд набошад ва бо танаффусҳо ва ҳамроҳии калонсолон ташкил карда шуда бошад.
- Шумо ҳамчун муаллими асосии кӯдак дар хотир доред, ки дастрасии кӯдак ба телефонҳои мобилӣ, планшет ва телевизор метавонад ба рафтору ҳолат, ташаккули тафаккур ва қобилияти когнитивии ӯ таъсир расонад.
- Ба кӯдак хоби мунтазами кофӣ зарур аст. Марҳилаҳои хоби ӯро бо дарназардошти талаботҳои ӯ нисбат ба хоби рӯзона ва шабона муайян намоед, зеро, ки ҳисоби миёнаи хоби рӯзонаву шабона барои кӯдакон тақрибан 11-14 соатро ташкил медиҳад.
Фаъолияти ҷисмонии сабук машғулиятҳоеро дарбар мегирад, ки дар мавриди онҳо кӯдак нисбат ба ҳолати оромӣ то 1,5–4,0 маротиба бештар энергия сарф мекунад ва ба ин мавридҳо оббозӣ кардан, гаштугузор ва дигар амалҳои сабукро мансуб медонанд. Машғулиятҳои мазкур боиси мондашавии кӯдак намегарданд.
Фаъолияти ҷисмонии шиддаташон миёна ва баланд гуфта фаъолиятҳои ҷисмониеро меноманд, ки дар мавриди онҳо кӯдакон 4-7 маротиба зиёдтар нисбат ба ҳолати оромӣ энергия сарф мекунанд ва ба ин ҳолатҳо роҳагардии тез, ҳаракат дар дучарха, давидану бозӣ кардан бо тӯб, ҷаҳидан, шиноварӣ, рақс кардан ва ғайр дохил мешавад. Дар ин мавридҳо кӯдак монда мешавад, ки барои ӯ истироҳат зарур аст.