Маҳси кӯдакона: дар тасвирҳо

Начало работы с детским массажем. Массаж верхней части тела младенцев Массаж лица и спины младенцев.
Body
Оғози кор бо маҳси кӯдак
Baby massage: in pictures Маҳс кӯдакро ором мекунад. Боварӣ ҳосил намоед, ки хона гарм, кӯдак ором аст, ӯ нағз дам гирифтаасту, ҳушёр аст, Шумо низ бояд ором бошед. Кӯшиш  кунед, ки баъд аз хоб, дар вақти иваз намудани либос дар катчааш ё ин ки баъд аз  оббозї кӯдакро маҳс намоед. Маҳсро 10-30 дақиқа  кардан мумкин аст. Baby massage: in pictures Якчанд қатра равғани маҳскунии кӯдакона ва ё крем ба дастони гарм гузореду пойҳои кӯдакро маҳс кунед.
Ҳаракатҳои чуқур ва сустро аз кафи пой то ангуштони пой  карда гузаред. Ҳама вақт кӯдакро бо як даст қапед. Агар Шумо аломатҳои аллергияро ба равғани истифодамебурдаатон бинед, онро тоза кунеду ба табиб муроҷиат намоед.  

 

Baby massage: in pictures Пойи кӯдакро бо ҳаракатҳои дарозу ҳамвор маҳс намоед. Маҳс аз буҷулаки пой ба тарафи рон. Ҳар дуи пойро якбора ва ё бо навбат маҳс намоед. Аз минтақаҳои узвҳои таносул канорагирӣ кунед. Ҳангоми пойи кӯдакро дар зери зону нигоҳ доштан, онро оҳиста ба шикам гузоред, то ин ки он аз ҳаво озод шавад.

Маҳси қисми болии бадани кӯдак

Baby massage: in pictures Маҳсро аз қисми болии бадан, бо гузоштани даст ба китфи кӯдак оғоз намоед. Ба самти сина молиши сабук кунед. Baby massage: in pictures Дастони тифлатонро аз китфҳо то ба поён ба тарафи даст молиш диҳед. Кӯшиш кунед, ки равған ба дасти кӯдак наафтад. Агар равған ба дасти кӯдак расида бошад, пеш аз оне, ки кӯдак дасташро ба даҳон мебарад, ангуштонашо тоза намоед. Baby massage: in pictures Агар шиками кӯдаки Шумо мулоим бошад, онро бо ҳаракат дар шакли даврашакл масҳ кунед. Агар кӯдак  бетоќатї кунад, ба қадами оянда гузаред. Агар нофи кӯдак ҳанӯз сиҳат нашуда бошад, аз ноф канорагирӣ кунед. Ба минтақаи байни сина ва шиками кӯдак фишор наоред. 

Маҳси руй ва тахтапушти кӯдак

Baby massage: in pictures Руйи кӯдакро бо нӯги ангуштони худ махс кунед. Молиш аз байни пешонӣ, поён ба тарафи берунии рухсораҳояш. Мӯйи сарашро бо ҳаракатҳои хурди даврагӣ махс кунед. Baby massage: in pictures Молиши оромонаро истифода баред. Агар фарзанди Шумо нороҳат бошад, махсро  ба охир расонед. Агар Шумо ором набошед ва фарзанди Шумо нороҳат бошад, махсро ба охир расонед. Боварӣ ҳосил кунед, ки нохунҳои Шумо кӯтоҳ аст.

 

Baby massage: in pictures Агар кӯдаки Шумо ҳангоми  ба охир расонидани махси пеши бадан то ҳол ором бошад, Шумо метавонед ӯро ба шикамаш ғелонда, аз сар то пошна чуқуру равон ҳаракат кунед.