Ақибмонии инкишоф
Ҳар як кӯдак бо суръати худ афзоиш меёбад ва дар ин маврид сухан оид ба марҳилаҳои кӯдакии бармаҳал рафта, ҳамзамон инкишофи «муқаррарӣ» ба таври васеъ фаҳмида мешавад. Агар дар давоми якчанд моҳ дар кӯдак нишондодҳои муоширатӣ, нутқӣ, ҳаракатӣ ва иҷтимоӣ ба мисли ҳамсолонаш инкишоф наёбад, он гоҳ дар бораи ақибмонии инкишоф хавотир шудан мумкин аст.
Ақибмонии инкишоф дар як ё якчанд самтҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Агар ақибмонии инкишоф дар якчанд самтҳо пайдо шавад, он гоҳ вайроншавии умумии инкишоф ҳисобида мешавад.
Ақибмонии инкишоф метавонад хусусияти муваққатӣ дошта бошад ва дар як давраи муайян ҷой дошта бошад, вале дар баъзе мавридҳо нишонаи аввалини масъалаҳои давомдор буда метавонад. Ақибмонии инкишоф, ки дар фосилаи дурударози вақт (ё доимӣ) ҷой доранд, вайроншавии инкишоф ном доранд. Намунаи чунин мушкилотҳо метавонад вайроншавии омӯзиш, фалаҷи майнаи сари кӯдакона, мушкилоти инкишофи зеҳнӣ ва вайроншавии спектри аутистики бошад.
Пеш аз ҳама, бо муайян намудани эҳтимолияти ҷой доштани Ақибмонии инкишоф мутахассисон истилоҳи умумии «ақибмонии инкишоф» - ро истифода мебаранд. Дар мавриди тасдиқ намудани сабаби ақибмонии инкишоф, истилоҳҳоеро истифода мебаранд, ки ҳолати кӯдакро нисбатан муфассалтар шарх медиҳад.
Нишонаҳои ақибмонии инкишоф
Агар дар инкишофи кӯдак эҳтимоли ҷой доштани қафомонӣ мавҷуд бошад, чӣ бояд кард?
- Ҳамчун волидайн Шумо фарзандатоноро аз ҳама беҳтар медонед.
- Агар Шумор дар бораи инкишофи фарзандатон хавотир бошед, ба духтури оилавӣ муроҷиат кунед.
- Мутахассисони соҳаи тиб метавонанд муоинаи заруриеро, ки барои баҳодиҳии ақибмонии инкишоф дар кӯдаки Шумо гузаронанд. Баъзан метавонанд барои гузаронидани муоинаи иловагӣ ба назди дигар мутахассисон фиристанд.
Мутахассисоне, ки ба кӯдакон дар мавриди ҷой доштани ақибмонии инкишоф кӯмак мерасонанд
Барои гузаронидани муоинаи иловагӣ ва расонидани кӯмак ба кӯдакони дорои ақибмонии инкишоф ва аъзоёни оилаи онҳо дар қатори мутахассисони соҳаи тиб (духтури оилавӣ, духтурони соҳавӣ, ҳамшираҳои тиб) дигар мутахассисон низ иштирок мекунанд, аз ҷумла: дефектолог, логопед, физиотерапевт, эрготерапевт, равоншинос ва корманди иҷтимоӣ.
Вобаста ба хусусиятҳои ақибмонии инкишоф намуди кӯмаки расонидашуда муайян карда мешавад.
- Кӯмак ҳамеша бояд дар якҷоягӣ бо волидайн ва мутахассисон расонида шавад.
- Ба ғайр аз фаъолияти бевосита бо кӯдак, нақши мутахассис дар он аст, ки барои хуб дарк намудани ҳолати кӯдакатон ба Шумо кӯмак расонад ва ё малакаҳои Шуморо оид ба барангезиши инкишофёбӣ беҳтар намояд.
Талаботи кӯдаконе, ки инкишофи дигаргуна доранд
Мисли ҳама кӯдакони дигар, кӯдакони дорои ақибмонии инкишоф метавонанд ташаккул ёбанд ва омӯзанд. Аммо барои ба даст овардани малакаҳои нав ба онҳо вақти зиёдтар лозим аст. Тарзи омӯзиши чизҳои нав метавонад каме фарқ кунад ва онҳо ба кӯмаки иловагӣ ниёз доранд.
- Аксарияти кӯдакон малакаҳои навро ба осонӣ аз худ мекунанд, махсусан агар ягон намуна иҷро карда шавад. Кӯдакони дорои ақибмонии инкишоф дар мавриди зиёд набудани талабот нисбати онҳо ба равиши нисбатан тадриҷан ба омӯзиш ниёз доранд. Ин маънои онро дорад, ки вазифаҳои нав бояд ба якчанд марҳилаҳои хурдтар тақсим карда шаванд ва ӯ бояд бо навбат онҳоро иҷро намояд.
- Дар бисёр мавридҳо барои пурра азхуд кардани малакаҳои нав вақти бештар лозим мешавад. Аз ин сабаб, барои татбиқи ин малакаҳо дар ҳолатҳои гуногун доштани имкониятҳои кофӣ барои кӯдак хеле муҳим аст.
- Кӯдак дар синну соли томактабӣ ё мактабӣ низ метавонад ба кӯмаки иловагӣ ниёз дошта бошад. Дар ин маврид бо мутахассисоне сӯҳбат кардан лозим, то ки онҳо роҳҳои дастгириро ба Шумо омӯзанд.
- Дигар намудҳои дастгирӣ (ба монанди дастгирии молиявӣ) низ метавонанд ба Шумо дастрас бошанд.
Ҳангоме, ки дар кӯдак ақибмонии инкишоф дида мешавад, он гоҳ кӯмак ба ӯ метавонад аз Шумо кӯшишҳои иловагиро талаб кунад, ки ин боиси хастагии маънавӣ ва ҷисмонӣ гардад. Дар хотир доред, ки ғамхорӣ дар бораи худ, саломатӣ ва некӯаҳволии Шумо ва инчунин дастгирӣ кардан барои Шумо ба мисли нигоҳубини фарзандатон муҳим аст. Агар Шумо худро хуб ҳис кунед, метавонед ба фарзандатон беҳтар ғамхорӣ намоед.
Сабабҳои ақибмонии инкишоф:
Сабабҳои гуногун метавонанд ба ақибмонии инкишоф оварда расонанд.
- Баъзе сабабҳо табиати генетикӣ дошта дар баъзе мавридҳо ба мушкилотҳои давраи ҳомиладорӣ ё таваллуд алоқаманд мебошанд. Барои ақибмонии инкишофи кӯтоҳмуддат, омилҳои ба солимии ҷисмонӣ таъсиркунанда, мӯҳлати тӯлонӣ бистарӣ будан дар беморхона ва стрессҳои оилавӣ сабаб шуда метавонанд. Баъзан ақибмонии инкишоф натиҷаи ангезиши нокифоя ва беэътиноӣ ба талаботҳои кӯдак мебошад.
- Дар бисёр мавридҳо сабабҳои ақибмонии инкишоф маълум нестанд.
- Дар ҳар як ҳолат бояд тамоми ташхисҳои зарурӣ барои муайян кардани сабабҳое, ки ба ақибмонии инкишоф мусоидат мекунанд, гузаронида шаванд.