Тадбирҳои эҳтиётӣ барои муҳофизат аз COVID-19 пас аз таваллуди кӯдак
Агар Шумо гумонбар бошед ва ё тасдиқ шуда бошад, ки Шумо гирифтори сирояти COVID-19 шудаед, ҳангоми таваллуд ва фавран пас аз таваллуди кӯдак чораҳои эҳтиётии иловагӣ талаб карда мешаванд.
Body
- Баъд аз таваллуд ҳангоми ба оғуш гирифтан ва маконидани кӯдак, ниқоб пӯшед.
- Дарҳол пас аз таваллуд ба оғӯш гирифтани кӯдакатон ӯро гарм мекунад ва ба ӯ имкон медиҳад, ки нафаскашии хубро оғоз кунад, синаро ба осонӣ пайдо кунад ва инчунин, ба Шумо ва кӯдакатон ҳис кардани наздикӣ мусоидат мекунад.
- Пеш аз нигоҳубин ва баъд аз нигоҳубини кӯдак дастҳои худро бишӯед.
- Дар давоми як соати аввали баъди таваллуд ба кӯдаки худ маконидани синаро оғоз кунед. Синамакониии ҳар чи зудтар ба фарзандатон кӯмак мекунад, ки синамакиро ёд гирад, дар ҳоле ки синаҳо ҳанӯз мулоим ҳастанд.
- Шири фалла, шири ғафси зардтоб, кӯдаки Шуморо аз бемориҳо ва сироятҳо муҳофизат мекунад.
- Дар давоми вақти дар беморхона ё таваллудхона буданатон бо тифли навзодатон монед. Шумо метавонед кӯдакро ба пусти худ ҷафс намоед, гарм кунед ва ин дар оянда ба синамаконӣ мусоидат мекунад.
- Кӯдакатонро бештар маконед, то ширатон биёяд. Дар 6 моҳи аввали ҳаёти кӯдак барои нигоҳ доштани рушд ва инкишофи солим танҳо синамаконӣ кифоя аст.
- Дар чанд рӯзи аввали баъди таваллуд ба фарзандатон об ё дигар моеъҳо, аз қабили чой, шири гов, омехтаи сунъӣ ё шарбат надиҳед. Онҳо лозим нестанд ва барои саломатии кӯдаки навзод хатарноканд.