Занони ҳомиладор ва сирояти COVID-19
Интиқоли сирояти бенишонаи COVID-19 ҳам дар байни занони ҳомиладор ва ҳам дар байни аҳолӣ имконпазир аст. Ҳама занони ҳомила, ки бо беморони гирифтори COVID-19 дар тамос буданд, бояд бодиққат назорат карда шаванд. Агар мавҷудияти сироят тасдиқ карда шавад, табобат барои зани ҳомиладор аз зуҳуроти клиникии мавҷуда вобаста аст.
То имрӯз дар бораи зуҳуроти клиникӣ ва таъсири ин беморӣ дар давраи перинаталӣ пас аз гирифторшавӣ ба COVID-19 ҳангоми ҳомиладорӣ маълумоти кам мавҷуд аст.
Дар айни замон, маълумот дар бораи интиқоли вирус аз модар ба кӯдак, вақте ки сироят дар семоҳаи сеюми ҳомиладорӣ зоҳир мешавад, вуҷуд надорад. Санҷишҳои ПЦР, ки пас аз гирифтани намунаҳои моеъи амниотикӣ, хуни ноф, тарашшуҳоти маҳбал, молишак аз гулӯи навзодон ва шири сина гузаронида шуданд, натиҷаи манфӣ нишон доданд.
Тасдиқи оқибатҳои вазнин барои модар ё навзод пас аз сирояти COVID-19 дар семоҳаи сеюм имкон намедиҳад, ки тасвири дақиқ ба вуҷуд ояд, зеро дар баъзе мавридҳо мушкилоти ҳамрав вуҷуд доштанд (бармаҳал даридани пардаи тифлӣ, хафа (буғӣ) шудани навзод, таваллуди пеш аз мӯҳлат ва ғ.), ки ба оқибати бадтар оварда расониданд.