Хатари гирифторшавии навзод ва кӯдакони хурдсол ба сирояти COVID-19
Далели интиқоли ин вирус дар давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд аз модар ба навзод тасдиқ нашудааст ва мавҷудияти ин вирус дар шири модар исбот нашудааст. Дар модароне, ки натиҷаи таҳлилҳо барои COVID-19 мусбат буданд (шаш нафар), аз ташхиси реаксияи занҷираи полимеразии моеъи наздитифлӣ ва хуни нофӣ, инчунин андуда аз гулӯи навзодон гузаштанд ва ҳама санҷишҳо барои вируси COVID-19 манфӣ буданд. Дар намунаҳои шири сина баъди синамакконии аввал низ мавҷудияти вируси COVID-19-ро нишон надоданд.
Афзалиятҳои исботшудаи шири сина ва синамаконӣ аз хатарҳои эҳтимолии интиқоли вируси COVID-19 хеле зиёдтаранд. Модар ва навзод бояд дар як ҳуҷра бо ҳам бошанд, агар ҳолати клиникии ҳарду имкон диҳад, новобаста аз он ки модар ва навзод гумонбар ё ҳолати тасдиқшудаи сирояти COVID-19 доранд.
Тадбирҳои пешгирии сироят то ҳол ҳатмӣ мебошанд (тез-тез ҳавои хонаро иваз намоед, сатҳҳоро бодиққат дезинфексия кунед, дастҳоро бишӯед, ниқобҳоро пӯшед ва ҳангоми нигоҳубин ва синамаконии кӯдак ниқобро мунтазам иваз намоед).