Сайругашти аввалин бо кӯдак
Шумо метавонед бо риояи тавсияҳои муайян бо кӯдаки худ аз рӯзи 15-уми ҳаёти ӯ ба сайругашт бароед. Дар кӯча будани кӯдак ҳолати умумии ӯро, рӯҳияашро, хоб, иштиҳо ва муқовимат нисбат ба сироятҳоро бештар мекунад. Давомнокии дар берун будан аз фасли сол ва шароити иқлим вобастагӣ дорад.
Body
Ҳангоми сайругашт ба чӣ диққат додан лозим аст
- Дар рӯзи аввал, вақти тавсияшудаи сайру гашт бо кӯдак бояд аз 5 то 10 дақиқа бошад ва дар рӯзҳои минбаъда то 20 дақиқа зиёд шавад.
- Кӯшиш кунед, ки вақти сайругаштро мувофиқи биоритми кӯдак тартиб диҳед, агар ӯ ноором ё гурусна бошад, ҳамроҳаш ба кӯча набароед.
- Кӯдакони навзод ҳангоми сайругашт дар бораи муҳити атроф маълумот мегиранд. Масъунияти кӯдак хеле заиф аст ва аз ҳамин сабаб ӯ нисбат ба сироятҳои гуногун бештар осебпазир аст.
- Дар ҳуҷрае, ки одамон зиёданд, кӯдак ба микробҳо бештар дучор мешавад.
- Дуди ихроҷшуда ва садои кӯча ба кӯдак фоида намеоранд ва аз ин сабаб беҳтар аст, ки бо ӯ дар боғҳои кабудизоршуда сайругашт кунед.
- Дар мавриди либоспӯшӣ, кӯдаки Шумо бояд мувофиқи обу ҳаво либос пӯшад.
- Ҳангоми сайругашт кардан, гирифтани либосҳои ивазшавандаро фаромӯш накунед.
- Роҳи осонтарини сайругашт бо кӯдак ин гузоштани ӯ ба аробача мебошад, зеро ин усул бехатар ва қулай мебошад.
- Пас аз он ки кӯдак нишастанро ёд гирифт, беҳтар аст, ки рӯи кӯдакро ба самти пеш гардонед, то ӯ муҳити атрофро омӯзад.